15:02:10 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

КАРЗАЙ: "АМРИКОИҲО ҲАР РӮЗ БО ТОЛИБОН СӯҲБАТ МЕКУНАНД"

Ҳомид Карзай гуфт, ки намояндагони "Толибон" ҳар рӯз дар Аврупо ва кишварҳои Халиҷи Форс бо амрикоиҳо ва намояндагони дигар кишварҳои хориҷӣ сӯҳбат мекунанд. Ба гуфтаи сарвари Афғонистон, ин дар ҳолест, ки бар пояи хабарҳо, “Толибон” ҳанӯз соли гузашта ҳама гуна ротибаҳо бо Амрикоро қатъ карда буд.

/images/stories/2013/03/10_hamid-karzay-100313.jpgҲомид Карзай рӯзи якшанбе, 10 март, дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Кобул изҳор намуд, толибон ҳамлаҳо ба Афғонистонро барои он идома медиҳанд, ки ба ИМА соҳибқудрат будани худро намоиш диҳанд. Ӯ афзуд, “бомбҳои, ки дирӯз мунфаҷир шуд ба номи Толибон, дар ҳақиқат хидмат ба хориҷиҳо буд. Хидмат ба он буд, ки ҳузури хориҷиҳо дар Афғонистон идома кунад ва онҳо нараванд”.

Сарвари Афғонистон гуфт, ҳамлаҳои толибон бояд мардуми маҳаллиро мутмаин созанд, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 вазъи амниятӣ дар кишвар ба карат бадтар хоҳад шуд.

Рӯзи шанбе, 9 март, бар асари ҳамлаи маргталабона дар канори бинои вазорати дифои Афғонистон дар маркази шаҳри Кобул, дасти кам 9 нафар ба ҳалокат расида, 13 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳамла замони ташрифи вазири нави дифои Амрико Чак Ҳегел ба Афғонистон ба вуқӯъ пайваст. Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифт. Ба гуфтаи намояндаи ҷунбиш Забеҳулло Муҷоҳид, ҳадафи ҳамла Ҳегел набуд ва аммо ин паёмест, ки онҳо тавони зарба задан ба Кобул ҳатто ҳангоми сафари вазири дифои Амрикоро доранд.

Рӯзи якшанбе Забеҳулло Муҷоҳид изҳороти ахири Карзайро ҳам рад кард. Ба навиштаи бархе хабаргузориҳо, ӯ гуфтааст, ки баъд аз мутаваққиф шудани музокирот дар як соли пеш ҷонибҳо ба ягон пешрафт муваффақ нашуданд. Музокироти ғайрирасмӣ миёни ИМА ва “Толибон” моҳи марти соли гузашта дар Қатар шурӯъ шуда, бар пояи хабарҳо, баъд аз чанд рӯз бидуни натиҷа поён ёфт. Намояндагони толибон гуфтанд, ки мавқеи ИМА дар гуфтушунид рушану возеҳ нест.

Кобул иддао дорад, ки дар музокирот бо ҷунбиши "Толибон" бояд намояндагони ҳукумати Афғонистон ҳам ширкат дошта бошанд. Вошингтон ба ин изҳороти Ҳомид Карзай ҳанӯз посух нагуфтааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi