04:11:51 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЗАНҲО ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ИМА НАҚШИ МАРКАЗИРО МЕБОЗАНД

Ҷон Керри, Котиби давлатии ИМА

Ҳафтаи аввали кории ман ба ҳайси Котиби давлатии ИМА сарфароз гардидам, ки бо гурӯҳи занони шуҷоатманд аз Бирма шиносоӣ пайдо намоям. Ду нафари онҳо собиқ маҳбуси сиёсӣ буданд.

/images/stories/2013/03/06_john-kery-060313.jpgБа тамоми азиятҳои чашидаи ҳаёти худ нигоҳ накарда, ҳар яки онҳо устуворона ба пеш қадам мегузоранд. Онҳо ба духтарон илм омӯхта, онҳоро таълим медиҳанд, шахсони бекорро бо ҷои кор таъмин менамоянд ва аз гузоштани саҳми бештар дар ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷонибдорӣ менамоянд. Ман мутмаин ҳастам, ки онҳо ҳамчун вакилони боқуввати истилоҳот боқӣ мемонанд ва ба пешрафти ҷомеа ва давлати худ дар солҳои оянда мусоидат мекунанд.

Ин гуна имкониятҳо ба мо аз аҳамияти ҳамкориҳои бардавоми ИМА бо ҳукуматҳо, ташкилотҳо ва шахсҳои инфиродӣ дар саросари ҷаҳон дар ҷодаи ҳифз ва баланд бардоштани ҳуқуқи занон ва духтарон хотиррасон мекунанд. Саранҷом, чун дар давлати мо, бештари мушкилоти қавитарини иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии дунё бе иштироки комили занон ҳалли худро намеёбанд.

Тибқи Форуми иқтисодии ҷаҳон, давлатҳое ки дар он мардҳо ва занон аз ҳуқуқҳои баробар баҳраманданд аз лиҳози рақобати иқтисодӣ нисбат ба давлатҳое, ки дар он тафовути гендерӣ дастрасии занон ва духтаронро ба тиб, маориф, интихобот ва бозор маҳдуд ё ки баста кардааст, пешрафтанд.

Ҳамчунин, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ эҳтимол мекунад, ки агар занони деҳқон ба мисли мардҳо ба тухмдона, нуриҳои минералӣ ва технология дастрасӣ медоштанд, онҳо метавонистанд, ки шумораи аҳолии дунёро, ки аз норасоии ғизо танқисӣ мекашад аз 100 миллион то 150 миллион коҳиш диҳанд.

Вале, дар бисёр ҷомеаҳо ва хонаводаҳо занон ва духтарон ҳоло ҳам кам қадр карда мешаванд, имкониятҳои таҳсил сарфи назар шуда ба издивоҷи ноболиғӣ маҷбур карда мешаванд. Бо сабабҳои хусумати гендерӣ бисёриҳо ҳаёти хешро аз даст доданд ,ё ки абадан дигаргун шуданд.

Ҳамчун падари соҳиби ду духтар, ман дарди волидайни зане бо номи Нирбҳая, донишҷӯи 23 солаи бахши тиб, ки дар Ню-Деҳли дар даруни автобус фақат барои зан буданаш ба қатл расид, ё ранҷурии волидайни Малала Юсуфзай, духтари покистоние, ки аз тарафи ифротгароён дар дохили автобус фақат барои хоҳиши ба мактаб рафтанаш кушта шуд, тасаввур кардан наметавонам.

Вале ман аз тааҳҳуди бебоки Малолай, иродаи Нирбҳая барои ба адолат овардани ҳамлагарон дар дами марги худ ва далерии падарони онҳо, ки аз номи духтарони худ ва тамоми занон ҳарф заданд, илҳом мегирам.

Агар нисфи аҳолии давлат сарфи назар шавад, он рушд нахоҳад ёфт. Аз ҳамин сабаб ИМА боварии комил дорад, ки баробарии гендерӣ дар ба даст овардани ҳадафҳои муштаракамон ба монанди рушд, сулҳу суббот ниҳоят муҳим аст ва бо кадом сабаб сармоягузории занон ва духтарон дар саросари дунё дар пешрафти сиёсати хориҷии ИМА муҳим мебошад.

Мо курсҳои омӯзишӣ ва мушовараи занони соҳибкорро маблағгузорӣ мекунем, то ки онҳо тавонанд на танҳо сатҳи оилаҳои худро баланд бардоранд, балки ба рушди иқтисоди давлатҳояшон мусоидат намоянд.

Мо таҳсили духтаронро маблағгузорӣ мекунем, то ки аз издивоҷи маҷбурии барвақт раҳо ёбанд, доираи камбизоатиро шикананд ва пешсафи ҷомеа ва шаҳрвандони фаъол бошанд. Баланд бардоштани сатҳи таҳсили занон ва духтарон ва дастрасии онҳо ба манбаҳо сатҳи тандурустӣ ва маорифи насли ояндаро беҳтар мекунад.

Мо бо шарикони худ дар саросари дунё ҷиҳати беҳтар намудани саломатии модарон, густариш додани доираи занони деҳқон ва пешгирӣ намудани хушунати гендерӣ ҳамкорӣ менамоем. Чун саломатӣ, бехатарии зан таъмин бошад, ӯ метавонад дар иқтисоди ҷаҳон бо заҳмат, роҳбарӣ ва созандагӣ саҳми худро гузорад, ки он метавонад ба нафъи ҷомеаҳои дигар бошад.

Дипломатҳои амрикоӣ дар ҳама ҷо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки занонро куллан ба ҷараёни музокироти сулҳ ва талошҳои бехатарӣ ҷалб намоянд, чун таҷриба, нигарониҳо ва фаросати занон тазодҳои ояндаро пешгирӣ намуда, сулҳу субботи мустаҳкамро таъмин менамоянд.

Имрӯз, Рӯзи Байналмилалии Занон, рӯзи ҷашн аст. Инчунин, дар ин рӯз мо бояд дубора пойбандии худро ба хотима бахшидани нобаробарӣ, ки дар ҳар гӯшаи дунё аз тарпаққиёт ҷилавгирӣ мекунад, нишон диҳем.

Мо таваони чунини муқобиларо дорем ва бояд талош кунем, ки духтарони мо тавонанд бе тарс дохили автобуси мактаб гарданд, хоҳаронамон тавонанд имкониятҳои бузурги худро амалӣ намоянд ва ҳар зан ва духтар тавонад умри пурфайзу бобаракатеро ба сар барад.

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi