АФЗАЛШОҲ БАРОИ ГИРИФТАНИ ҶОИЗАИ «INTELLECT OF NATION» БА МОСКАВ РАФТ
Имрӯз, 21-уми феврал Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ барои қабули ҷоизаи байналмилалии «INTELLECT OF NATION» ё худ «Зеҳни миллат» ба Москав рафт. Афзалшоҳи Шодӣ шоми 20-уми феврал дар як сӯҳбати телефонӣ дар ин бора ба хабарнигори «Рӯзгор» иттилоъ дод ва бо сабаби овора будан ба ташвишҳои пеш аз сафар сӯҳбатро ба вақти дигар мавқуф гузошт.
Гуфта мешавад ҷоизаи «INTELLECT OF NATION» барои саҳми чашмгир дар рушди зеҳнии ҷомеа ва дастовардҳои бузурги эҷодӣ насиби овозхони тоҷик гардидааст ва рӯзи 22-юми феврал дар як маросими тантанавии роҳбарони конгресси байналмилалии саноатчиён ва соҳибкорон, ки дар чаҳорчӯбаи барномаи имиҷии "Пешвоёни асри XXI" дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, тақдим карда мешавад.
Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди саршиноси тоҷик баъди хатми Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода дар соли 1983-ум фаъолияташро дар Филармонияи давлатӣ оғоз кардааст. Соли 1989 ба ҷоизаи Комсомолии Тоҷикистон сарфароз гардида, баъдан дар соли 1993-ум ба унвони «Ҳунарманди шоиста» ва дар соли 2008 унвони фахрии «Ҳунарманди халқии Тоҷикистон»-ро соҳиб гардидааст.
Афзалшоҳи Шодӣ нахустин ҳунарманди тоҷик нест, ки ба ин ҷоиза сарфароз мегардад. Қаблан Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарманди халқии собиқ ИҶШС ва Шералӣ Ҷӯраев низ ин мукофоти байналмилалиро ба даст оварда буданд.
Баҳманёр, «Рӯзгор»