05:04:23 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25
27 28 29 30      

ФИЛМСОЗИ ИРОНӢ «ХИРСИ НУҚРА»-И СИНАМОБАЗМИ БЕРЛИНРО БУРД

Шоми шанбе, 16-уми феврал дар Олмон даври 63-уми кинофестивали Берлин хотима ва беҳтаринҳои ин ҷашнвора муаррифӣ шуданд. Филми сохтаи коргардони иронӣ Ҷаъфар Паноҳӣ  бо номи «Парда» ҷоизаи «Хирси нуқра»- и ин ҷашнвораро дар риштаи беҳтарин филмнома соҳиб гардид.

/images/stories/2013/02/17_filmsozi-ironi-170213.jpgИн филм аз зиндагонии марде қисса мекунад, ки сагеро кушта, баъдан дар кӯшки худ аз коргарони полис пинҳон мешавад. Духтари гурезаи дигаре ҳам аз маъмурон ба хонаи ӯ паноҳ мебарад ва баъдан дар рафти филм маълум мешавад, ки ҳардуи онҳо ҳам аз ҳуқуқи кор кардан маҳрум ва дар тардид ҳастанд, ки фаъолияташонро идома бахшанд ё зиндагиро раҳо кунанд.

Филми «Парда» аз ҷониби ҳаводорону доварони ин ҷашнвораи синамоии байналмилалӣ баҳои баландро сазовор гардидааст.

«Хирси тилло» - и ин синамобазмро коргардони ҷавони руминиягӣ Калин Петер ба даст оварда, шоҳҷоиза ба филми «Лаҳзае аз ҳаёти марди оҳанпорафурӯш» тааллуқ гирифтааст. Ин филмро коргардони маъруфи босниягӣ Денис Танович таҳия кардааст.

Филм аз зиндагии зану шавҳари фақире ривоят мекунад, ки ҳамроҳи ду духтарашон ба сар мебаранд ва ногаҳон зан мефаҳмад, ки тифли дар батнаш буда мурда аст ва бояд барои исқоти ҳамл ҳарчӣ зудтар ҷарроҳӣ карда шавад.

Аммо мушкил аз он ҷо сар мезанад, ки онҳо маблағ дарёфта наметавонанд. Ҳамчунин  Назиф Муҷич, бозигари нақши асосии ин филм беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардонаи кинофестивали Берлин дониста шудааст.

Ин барои аввалин бор нест, ки филмҳои иронӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф мешаванд. Соли гузаша филми Фарҳод Асғарӣ бо номи «Ҷудоии Нодир аз Симин» ҷоизаи Оскарро дар бахши беҳтарин филми хориҷӣ соҳиб шуда буд.

Баҳманёр, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi