11:54:07 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

БОЗДОШТИ МУҲОҶИРОН ДАР АМАЛИЁТИ ЗИДДИ ИФРОТГАРОӢ

Дар амалиёти зидди ифротгароӣ дар Санкт Петербург шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам боздошт шудаанд.

/images/stories/2013/02/09_bozdosht-09022013.jpgДар Санкт Петербурги Русия дар чорчӯби мубориза бо ифротгароӣ муҳоҷирони хориҷиро дастгир намудаанд. Кумитаи тафтишоти шаҳри Санкт Петербург ва вилояти Ленингради Русия хабар медиҳад, ки шоми ҷумъа дар чорчӯби амалиёти зидди экстремизм 271 нафар дастгир шудаанд, ки дар байни онҳо хориҷиён низ ҳастанд.

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишот амалиёт бар пояи даъватҳои оммавӣ ба хотири ташвиқи терроризм, кӯшиши сафед намудани терроризм, даъват ба душманӣ ва таҳқири шаъни инсон раҳандозӣ шудааст.

Дар ин амалиёт шаҳрванди 23-солаи Русия, зодаи ҷумҳурии Карбардину Балқар Мурод Сарбашев боздошт шудааст, ки бидуни сабти ном дар Санкт Петербург зиндагӣ мекардааст. Муфаттишон ӯро бо ҷой додани маводи ифротӣ ва тарғиби терроризму ифротгароӣ дар интернет муттаҳам мекунанд.

Дар ин амалиёт афроде, ки дар Русия бидуни сабти ном иқомат доранд, низ дастгир шуданд.  Ба навиштаи хабаргузории Интерфакс дар байни 271 нафаре, ки боздошт шудаанд, шуморе аз шаҳрвандони Озарбойҷон, Узбакистону Тоҷикистон ва ҳамчунон як афғону як мисрӣ шомил мебошанд.

Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо афроде, ки дар Русия бидуни сабти ном иқомат доранд, низ дастгир шуданд. Ба навиштаи хабаргузории Интерфакс дар байни 271 нафаре, ки боздошт шудаанд, шуморе аз шаҳрвандони Озарбойҷон, Узбакистону Тоҷикистон ва ҳамчунон як афғону як мисрӣ шомил мебошанд. Ба қавли шоҳидон ибтидо то 700 нафар боздошт шуда буданд, вале баъди тафтиши аснод аксари онҳоро ҷавоб доданд.

Ба қавли Кумитаи тафтишот 7 нафар аз боздоштшудагон ба ватанҳояшон истирдод(депортатсия) мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи панҷшанбе ниҳодҳои муҳоҷирати Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Маскав созиши ҳамкориро ба имзо расониданд, ки бар пояи он шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Русия метавонанд дар зарфи 15 рӯз худро дар ниҳодҳои марбутаи ин кишвар сабти ном кунанд. Айни замон мӯҳлати сабти номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия як ҳафта муқаррар шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi