20:08:58 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДУШАНБЕ БА НИШАСТИ "МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИИ ОСИЁ" ОМОДА МЕШАВАД

Душанбе худро ба нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви “Муколамаи ҳамкории Осиё», омода мекунад. Қарор аст ин нишаст рӯзҳои 28-29 марти соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шавад.

/images/stories/2013/02/03_qasri-millat-03022013.jpgТоҷикистон дар ҳоли ҳозир Раёсати созмони кишварҳои аъзои "Муколамаи ҳамкории Осиё"-ро ба ӯҳда дорад. Ин тасмим рӯзи 14-уми октябри соли 2012 дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои аъзои созмони "Муколамаи ҳамкории Осиё" дар Қувайт гирифта шуда буд.

Тибқи иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҳамакнун корҳои омодагӣ ба ин нишаст оғоз шуда ва ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита Кумитаи тадорукотӣ таъсис додааст, ки раҳбарии онро муовини аввали сарвазири кишвар Матлубхон Давлатов ба ӯҳда дорад. Ҳамчунин дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ин робита ситод таъсис ёфтааст.

Идеяи таъсиси созмони Муколамаи ҳамкории Осиё дар соли 2000 аз сӯи кишвари Тайиланд матраҳ шуд ва нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ин созмон ҳам дар соли 2002 баргузор шуд, ки ҳадафи аслии он, муколамаи созанда ба хотири рушди ҳамкориҳо миёни кишварҳои аъзои ин созмон унвон мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон равобити ин кишвар бо аъзои созмони Муколамаи ҳамкории Осиёро муфид хонда ва онро омили густариши ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба арзёбӣ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир 32 кишвари минтақа ва ҷаҳон, узвияти созмони Муколамаи ҳамкории Осиёро доранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi