23:57:56 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САФОРАТИ ИМА БА МАРЗБОНОНИ ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕКУНАД

Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳадҳо (EXBS) ва шӯъбаи Ҳамкории низомӣ бисту ду адад (22) мошини роҳпаймо, сию се (33) мошини сабукрав ва дигар таҷҳизоти тактикиро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намуд.

/images/stories/2013/02/01_1.saforati-ima-010213.jpgМошинҳои роҳпаймо байни дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим гардида, ба қушунҳои сарҳадӣ дар мубориза бар зидди қочоқи мол ҳангоми воридот ва содироти он мусоидат мекунанд. Мошинҳои сабукрав ва таҷҳизоти махсус ба қушунҳо, дидбонгоҳҳо ва қисмҳои сарҳадӣ дар баланд бардоштани иқтидори онҳо дар таъмини амнияти сарҳади Тоҷикистон аз хатарҳои беруна кӯмак хоханд расонд.

Кордори Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сара Пенхюн дар маросими расмии супоридани васоити нақлиёт ва таҷҳизот, ки дар яке аз идорахои Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ширкат варзид.

/images/stories/2013/02/01_2.saforati-ima-010213.jpgХонум Пенхюн дар суханронии хеш қайд намуд, ки «Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгирӣ намуда, таъмини хифзи сарҳадро ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи миллии Тоҷикистон эътироф менамояд. Марзбонон дар хати аввали ҳифзи сарҳади Тоҷикистон истода онро аз хатарҳои беруна муҳофизат карда, ин вазифаи муҳимро дар шароити маҳдуди муҳити маҳал, боду ҳаво ва имконоти моддӣ иҷро мекунанд. Сафорати ИМА хушҳол аст, ки ба марзбонон дар муборизаи онҳо бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир кӯмак расонид.»

Сафорати ИМА тасмим гирифтааст, ки қушӯнҳои сарҳадиро дар чаҳорчубаи равобити байни оҷонсиҳои ИМА дар таъмини беҳтари таҷҳизот, барномаҳои омӯзишӣ ва сохтор минбаъд ҳам дастгирӣ намояд. Таҷҳизот ва васоити нақлиёт, ки аз ҷониби Сафорати ИМА ҳамчун кӯмаки бебозгашт ба маблағи зиёда аз 1,8 миллион доллари ИМА пешкаш гардид, имконияти Ҳукумати Тоҷикистонро  дар таъмини амнияти марзҳои худ боз ҳам қавитар мегардонад.

/images/stories/2013/02/01_3.saforati-ima-010213.jpgЛоиҳае, ки дар чаҳорчубаи он воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизот ҳамчун кӯмаки бебозгашт пешниҳод гардид, яке аз лоиҳаҳои сершуморе мебошад, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби мардуми Амрико тавассути Сафорати ИМА амалӣ мегарданд. Аз соли 1993 инҷониб мардуми Амрико зиёда аз 1 миллиард долларро ба барномаҳои гуногуни кӯмакрасони рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистон ҷудо намудааст.

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi