06:09:32 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҶАНҶОЛИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ ДАР БОДКАНД

Дар ҷануби Қирғизистон миёни ҷавонони тоҷик ва қирғиз ҷанҷол ба вуқӯъ пайвастааст. Шаби душанбе дар назди фурӯшгоҳи деҳаи Кӯктоши вилояти Бодканди Қирғизистон задухӯрде миёни ҷавонони маҳаллӣ бо як гурӯҳ ҷавонон аз деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ба амал омадааст.

/images/stories/2013/01/29_kirgiz-tajik-29012013.jpgЯк мансабдори деҳаи Чоркуҳ, ки нахост номаш ошкор шавад, ба мо гуфт, дар минтақае, ки ҷанҷол ба амал омад, хатти марз дақиқ нашудааст ва ва ҳар яке аз ҷонибҳо худро соҳиб мешуморанд. Ӯ афзуд, ки вақте гурӯҳи ҷавонон аз Чоркӯҳ барои харид ба деҳаи Кӯктош рафтанд, ҷавонони сархӯши қирғиз онҳоро таҳқир намудаанд ва ҷавонони тоҷик маҷбур шуданд, аз худ ҳимоят кунанд.

Дар ҳамин ҳол сокинони деҳаи Кӯктош ба мо хабар доданд, ки як гурӯҳи иборат аз камаш 20 ҷавони тоҷик нимашаби душанбе ба деҳаи онҳо ворид шуда, тирезаҳои фурӯшгоҳ, мактаб ва хонаҳои истиқоматии як идда сокинони деҳаро сангборон намуда, даъват карданд, ки ҳар касе мухолифи онҳост, ба майдони набард барояд.

Вале сокини Кӯктош, Фазулло Бегматов, мегӯяд, ки сокинони Кӯктош ба набард набаромаданд ва аз мақомот дархост анмуданд, ки низоъро аз роҳи осоишта ҳал кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi