23:41:08 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ИТТИҲОДИ АВРУПО САТҲИ ДОНИШҲОИ НАЗАРИЯВИИ КОРКУНОНИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКРО БАЛАНД МЕБАРДОРАД

Бо мақсади шиносоӣ бо рафти коргузории Равзанаи ягонаи миллии Таиланд  дар раванди воридотию содиротӣ намояндагони Дастгоҳи Иҷроия, Маҷлиси Намояндагон, вазоратҳову ташкилотҳои мухталиф, ва созмонҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки дар амалӣ сохтани лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо "Дастгирӣ барои ташаккули Равзанаи ягона оид ба расмияти воридотию содиротӣ ва транзитӣ" ҷалб гардидаанд, инчунин бархе аз журналистон сафари Бангкок, Таиланд намуданд.

/images/stories/2013/01/25_mizi-gird-250113.jpgДар мадди аввал ҳайати сафари омўзиши таҷриба дар семинарии баланд бардоштани сатҳи назаряивӣ иштиррок намуданд, ки дар рафти он равзанаҳои ягона дар Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ ва Таиланд муаррифӣ карда шуданд. Ҳозирини семинар тавонистанд аз масоили ҷолиби диққат пурсон шуда, шубҳаҳои хешро оиди амалиёти равзана барҳам доданд.

Рўзи дигар ҳайати сафар меҳмони Шўъбаи гумруки Таиланд гардид, ки он ҷорикунандаи амалиёти равзанаи ягона мебошад. Ин ҷо меҳмонони тоҷик тавонистанд аз маълумоти бештаре оиди ташаккул, амалиёт ва нақшаҳои такмилдиҳии шабакаи Равзанаи ягона бархурдор шаванд.

Дар натиҷаи сафар, ки бо дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон амалӣ гардид, иштирокчиён оиди афзалиятҳои ин раванд бештар хабардор гардида, ташаккули равзанаи ягонаро дар Тоҷикистон беш аз пеш дастгирӣ менамоянд. Журналистони дар сафар буда филми кўтоҳмуддате омода месозанд, ки тариқи шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ пахш хоҳад гардид.

Интизор аст, ки то охири моҳи октябри соли 2013 Тоҷикистон яке аз аввалин мамолики Осиёи Марказӣ мегардад, ки он ҷо системаи соддатар сохтани раванди тиҷорат дар амал татбиқ гардидааст. Маблағгузории умумии лоиҳа 2 млн евроро ташкил дода, тартиб додани таъмини барномавӣ, таълими кормандон ва истифодабарандагони система, таъминоти таҷҳизоти лозимаро дар бар мегирад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi