03:00:58 11-уми Апрели 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Апрел 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БОЗДОШТИ КОРМАНДИ ВКД-И ТОҶИКИСТОН

Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон зимни гузаронидани як силсила чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ чан тан аз нафаронеро, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даст доштанд, боздошт намуд.

/images/stories/2013/01/24_arest_naruchniki_24012013.jpgАз агентии мазкур ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ки дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ 6 кило маводи мухаддир мусодира гардида, 4 нафар, ки яке аз онҳо шаҳрванди Федератсияи Русия мебошад, боздошт шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, 18-уми январи соли равон дар ҷараёни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони агентӣ дар қаламрави Душанбе ба гумони ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд:

«Ҳангоми кофтуков аз ӯ 8 бастаи маводи хамирмонанди хокисттарранг ошкор сохтанд. Ҳангоми роҳандозии чорабинии дигар дар хонаи боздоштшуда 32 баста ин гуна мавод кашф гардид. Тибқи хулосаи Лабораторияи ташхиси судии агентӣ маводи мусодирашуда афюн буда, вазни умумии он наздик ба 1 килоро ташкил медиҳад».

Гуфта мешавад, баъди андешидани чораҳо ду ширкаткунандаи дигари ин гурӯҳ, ки дар шаҳри Душанбе саргарми харидуфурӯши маводи мухаддир буданд, боздошт гардиданд. Онҳо низ сокини 31 ва 40-солаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, яке аз онҳо корманди Раёсати муҳофизати ВКД-и Тоҷикистон будааст.

Манбаъ илова намуд, ки 20-уми январ кормандони агентӣ якҷо бо кормандони Сарраёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар қаламрави ноҳияи Ишкошими ВМКБ аз кӯшиши убури ғайриқонунии  марзи давлатӣ ҷилавгирӣ ба амал оварданд.

Дар ҷои ҳодиса  як халтаи полиэтилинии дорои маводи нашъадори героин ошкор ва мусодира шуд.

Бино ба иттилои ин агентӣ, айни замон барои мушаххас кардани шахсият ва боздошти қочоқчӣ чораҳо андешида мешаванд.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi