08:16:31 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲАРАКАТ ДАР ШОҲРОҲИ КЎЛОБ - ДАРВОЗ – ХОРУҒ - МУРҒОБ - ҚУЛМА ТАЪМИН АСТ

Нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ВМКБ яке аз масоили муҳим буда, доимо дар зери назорати ҳукумати Ҷумҳурӣ мебошад. Зеро тавре, ки маълум аст, аз 2712 км роҳҳои худуди Бадахшон 1297 километрашон дорои аҳамияти байналмиллалианд.

/images/stories/2013/01/24_1-kamaz-24012013.jpgСоли гузашта барои нигаҳдории онҳо қариб 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Имсол бошад қариб 10 миллион доллар барои азнавсозии ин роҳҳо ҷудо карда шуд. Айни ҳол бошад роҳҳои автомобилгарди ВМКБ дар ҳамаи самтҳо кушода ҳастанд. Ҳаракат аз шоҳроҳи Кӯлоб - Дарвоз –Хоруғ - Мурғоб - Қулма ҳам дар ҷараён аст.

Чун ҳар сол 24 ноябр дидбонгоҳи Қулма - Қарасу банд мегашт, ҳаракати нақлиёт ҳам аз самти шаҳри Хоруғ ба Мурғоб ва аз Мурғоб ба самти шаҳри Хоруғу Душанбе камтар мегардид.

Имсол агарчи моҳи январ ҳам паси сар шуда истода бошад ҳам, дидбонгоҳи Қулма фаъолияти худро  қатъ нанамудааст. Ба ин хотир роҳсозон ният доранд, ки роҳҳои автомобилгардро дар ҳолати хуби корӣ нигаҳ доранд.

/images/stories/2013/01/24_2-kamaz-24012013.jpgНигаҳдории мушкилтарин қитаи роҳи Хоруғ-Мурғоб - Қулма ба ӯҳдаи муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди қитъаи Ғунди ноҳияи Шуғнон гузошта шудааст. Ногуфта намонад, ки водии Ғунд, ки ҳудуди он 180 км-ро ташкил медиҳад, сербарфтарин минтақаи ВМКБ маҳсуб мегардад.

Дар фасли зимистон барои дар ҳолати хуб нигаҳ доштани қитъаи роҳи 180 километра, ки ағбаи Кӯҳитезак ҳам ба ҳудуди он дохил мешавад, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди қитъаи Ғунди ноҳияи Шуғнон изофа ба ду булдозери мавҷуда се адад техникаи нави барфтозакунӣ дод.

Ағбаи Кӯҳитезак дар баландии 4270 метр аз сатҳи баҳр қарор гирифта, хунукӣ дар он дар баъзе мавридҳо аз 40 дараҷа ҳам мегузарад.

Алишер Ҷунайдов «Рӯзгор», Хоруғ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi