06:22:26 01-уми Июли 2025 сол

13 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ СОХТМОНИ РОҲҲО ДАР БАДАХШОН

Ҷиҳати ғанигардонии фонди хазинаи давлатӣ Кумитаи андози вилоят дар соли 2012-ум 5 миллиону 603 ҳазор сомонӣ маблағи андоз зиёдтар ҷамъ намуд.

/images/stories/2013/01/24_rohi-badakhshan-24012013.jpgРаёсати сармоягузории вилоят барои рушди соҳаи иҷтимоӣ дар Бадахшон ба маблағи 13 миллион доллари амрико лоиҳаҳои навро дар назар гирифтааст, ки 80 фоизи ин маблағ барои сохтмони роҳҳо дар ҳудуди вилоят сарф хоҳад гардид.

Ба иттилои сардорати раёсати молияи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои хароҷоти иловагӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани музди меҳнат ба вилоят аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ  иловатан 12 миллион сомонӣ кӯмак карда шудааст.

Дар нишасти матбуотии раҳбарияти Кумитаи андози вилоят қайд гардид, ки аз тарафи 49 идораи ҳудуди вилоят дар пардохти андоз қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа ин идораҳо ба таври ҷарима 53 ҳазору 200 сомонӣ маблағро ба давлат баргардонданд.

Соли гузашта 835 нафар соҳибкор ба тариқи патент маблағи 421 ҳазор сомонӣ андоз супориданд, ки ин назар ба соли 2011 248 ҳазор сомонӣ зиёдтар мебошад.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор»,  Хоруғ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ