06:33:30 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТАЛБАК НАЗАРОВ: «СУЛҲ КОРИ ҲАРДУ ҶОНИБ БУД»

Ҳамоиши навбатии маҳфили «Гуфтугӯи тамаддунҳо»-и профессор Иброҳим Усмонов дар толори нишастҳои матбуотии Маркази ҷумҳуриявии матбуоти марбути вазорати корҳои хориҷа дар бинои мавсум бар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури сиёсатмадорону олимон, шоиру нависандагон, журналистон ва дигар ақшори ҷомеъа баргузор гардид.

/images/stories/2013/01/17_1-talbak-170113.jpgИн дафъа дар назди ҳозирин тӯли яку ним соат академик Талбак Назаров, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, раиси ҳайати ҳукуматӣ дар гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон асосан  оиди раванди сулҳ ва истиқрори он дар кишвар ибрози ақида намуд ва ба саволҳо посух дод.

Академик Талбак Назаров аз моҳи январи соли 1996 раҳбари ҳайати ҳукуматӣ дар гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон таъйин гардид ва ба эътирофи сиёсатмадорон ва таҳлилгарони ҳарду ҷониби музокиракунанда раванди сулҳ ба аз ин ба баъд маҷрои тозаву уммедворкунандаеро ба худ ихтисос дод.

Муҳимтарин асноди  ин гуфтушунидҳо: Протоколи масоили муҳоҷирин, Протоколи низомӣ, Созишномаи ниҳоӣ маҳз дар ҳамин давра таҳия гардида қабул шуданд. Талбак Назаров дар суханронии худ аз мушкилоти раванди сулҳ ёдовар шуд. Ин ҷангро дар таърихи миллати тоҷик падидаи нангин номид, ки доғи он солҳо дар қалбҳо мемонад.

/images/stories/2013/01/17_2-talbak-170113.jpgОғози ҷангро Талбак Назаров аз ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 донист. Шурӯи раванди сулҳро  бошад собиқ вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз қарорҳои иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии ҶТ меҳисобад. Ба ақидаи академик Талбак Назаров беҳтараш ин ки имрӯз дар бораи ин ҷанг нагӯему нанависем. Навиштани таърихи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро ӯ кори наслҳои баъдӣ медонад.

Талбак Назаров нақши созмонҳои байналмилалиро дар ба ҳам овардану сари мизи гуфтушунидҳо нишастани ҷонибҳои даргир хеле муассир арзёбӣ кард. Махсусан аз намояндагони СММ, аз Бутрос Бутрос Ғолӣ, Пирис Болон ва Герд Меррем ба некӣ ёд кард. Академик Талбак Назаров саҳми раҳбарони ИНОТ марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаро дар барқарории сулҳу субот дар кишвар хеле муҳим ва муфид арзёбӣ намуд.

Академик Талбак Назаров дар хотимаи маҳфил ба саволҳои сершумори ҳозирин посух дод.

Аксҳо аз ҷараёни ин маҳфил

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi