18:00:31 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ МАХСУС АЛАЙҲИ АЪЗОИ ҲИУ ДАР СУҒД

Сардори Раёсати умури дохилии Суғд гуфт, амалиёт барои боздошти афроди мусаллаҳ дар Мастчоҳу Конибодом идома дорад.

/images/stories/2013/01/16_koftukov-15012013.jpgШариф Назаров, сардори Раёсати умури дохилии Суғд, ки рӯзи 16-уми январ дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, амалиёти махсус барои боздошти афроди мусаллаҳ, аз ҷумла аъзо ва ҷонибдорони Ҷунбиши исломии Узбакистон дар ин вилоят идома дорад.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, ахиран дар ноҳияи Мастчоҳ шаш нафар ба гумони узвият ва ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт шуда, ҳамла ва куштори афсари пулис дар Конибодом (14-уми январ) низ кори дасти аъзои эҳтимолии ин ҷунбиш аст.

Ҷаноби Назаров гуфт, аз шаш нафаре, ки дар ноҳияи Мастчоҳ боздошт шудаанд, се нафарашон узви Ҷунбиши исломии Узбакистон буда, се нафари дигар ба онҳо кӯмак мекардаанд. Амалиёт барои боздошти ин афрод рӯзи 9 ба 10-уми январ дар Мастчоҳ оғоз ёфта буд. Мақомот гуфтанд, ки дар пайи боздошти ин афрод як корманди пулис ҷароҳат бардоштааст.

Шариф Назаров аз ифшои ному насаби афроди боздоштшуда дар Мастчоҳ худдорӣ кард. Зеро ба гуфтаи ӯ, амалиёт идома дорад ва метавонад ба кори онҳо халал ворид кунад. Сардори Раёсати умури дохилии Суғд дар мавриди ҳодисаи куштори як афсари пулис дар Конибодом низ изҳори назар кард.

Ӯ гуфт, шахсияти ҳамлагарон ба нозирони роҳ муайян шуда, дар пайи амалиёти боздошт як тани онҳо нобуд ва дигарӣ фирор намудааст. Ҳамон тавре генерал Назаров афзуд, аз ин афрод ду туфангча ва баъзе муҳимоти ҷангӣ, инчунин адабиёти тарғиботии динӣ, дарёфт шудааст. Аз ин пеш, Шариф Қурбонов, додситони Суғд, гуфта буд, ки ҳамла ва куштори афсари тоҷик дар шаҳри Конибодом кори дасти аъзои эҳтимолии Ҳаракати исломии Узбакистон аст.

Ба қвли ӯ, "рӯзи 14 -уми январ ба нозирони роҳ дар шаҳри Конибодом афроде ҳамла овардаанд, ки қаблан бо иттиҳоми узвият дар созмони террористии Ҳаракати исломии Узбакистон мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд." Дар тавзеҳи ҳодиса навбатдори Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Конибодом гуфт, нозирони милиса нисфирӯзии 14 -уми  январ як мошини тамғаи "Опел Астра"- ро барои тафтиши аснод нигаҳ доштаанд ва чун ронанда асноди лозимаро надоштааст, хостаанд, бо таҳияи ёддошт дар бораи қонуншиканӣ мошини онҳоро ба майдони ҷаримавӣ бубаранд.

Аммо ронандаи мошин ва ҳамроҳаш ба нозирони милиса муқовимати мусаллаҳона нишон дода ва ба сӯи онҳо тир андохтаанд. Як афсари милиса дар ҷойи ҳодиса ҷон дода ва дигариро бо захми тир ба бемористон бурдаанд. Ба қавли навбатдори милиса, яке аз нозирон аз сараш ва дувумӣ аз шонааш тир хӯрдааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi