19:25:21 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ҲУКУМАТ ОҒОЗ ГАРДИД

Субҳи имрӯз, 15 -уми январ, ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон, таҳти раёсати раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба кори худ оғоз намуд.

/images/stories/2013/01/15_hukumat015012013.jpgДафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ба мо иттилоъ дод, ки 15 -уми январ  таҳти раёсати президент ва раиси ҳукумати кишвар, Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи ҳукумат ба кори худ оғоз намуд. Ба иттилои манбаъ дар он дастовардҳои соли 2012 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт

Барои ширкат дар маҷлиси ҷамъбастии ҳукумати Тоҷикистон раёсат ва аъзои ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди президент, масъулони дастгоҳи иҷроия, роҳбарони мақомоти олии судӣ, прокуратураи генералӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ, бонкҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони расмӣ ҷамъ омадаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар сухани ифтитоҳии худ таъкид доштааст, ки "соли 2012  барои Тоҷикистон, новобаста ба бӯҳрони идомаёбанда дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои берунаи манфӣ, соли рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ буд."

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, дар оғози маҷлис сарвазири кишвар Оқил Оқилов доир ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2012 ҳисобот дода, зикр кардааст, ки "маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2012 ҳамчун нишондиҳандаи асосии макроиқтисодӣ 7,5 фоиз афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2011 6,1 млрд. сомонӣ зиёд гардид ва дар маҷмӯъ ҳаҷми он ба 36,2 млрд. сомонӣ расида, ба ҳар як сари аҳолӣ 4700 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 17,7 фоиз зиёд аст."

Ба гуфтаи сарвазир сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии кишвар дар соли 2012 6,4 фоизро ташкил додааст.  Нақшаи иҷрои даромади ҷории буҷети давлатӣ 101,4 дарсад таъмин гардида, ба он 10 млрд. сомонӣ  ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 140 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар баробари ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2012 ва баррасии нақшаҳо барои соли 2013, гуфта мешавад, ки  тағйироти кадрӣ дар вазоратхонаҳо ва мақомоти баландпояи кишвар, аз масъалаҳои дигари ин ҷаласа хоҳад буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi