10:53:33 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 30 31

АФЗОИШИ ДАРОМАДИ АҲОЛИИ ТОҶИКИСТОН

Хазинаҳои пулӣ ва пасандози аҳолии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли равон беш аз 18 миллиард сомониро ташкил намуд. Аз Агентии омори Тоҷикистон ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ки дар кишвар барои хариди мол ва пардохти хизматрасонӣ 53,7% аз ҳаҷми умумии ҳазинаҳои пулӣ ва пасандозхо харҷ гардидаст.

/images/stories/2013/01/04_obmen-040113.jpgГуфта мешавад, пардохтҳои ҳатмӣ ва кӯмакҳои довталабона бошад дар Тоҷикистон 26,2% - ро ташкил намудааст. Манбаъ мегӯяд, даромадҳои пулии аҳолии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ беш аз 16,3 миллиард сомониро ташкил додаст, ки ин нишондод нисбати хамин давраи соли гузашта 24 дарсад бештар аст.

Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки бо таваҷҷуҳ ба афзоиши нархҳо ва сарфи зиёди маблағҳо барои шикам, зиёдшавии маблағҳои мардум чандон ба чашм намерасад. Яъне дар Тоҷикистон маблағҳои мардум бештар барои ғизо сарф мешавад.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi