17:44:42 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПОКИСТОН. ТОЛИБОН 21 САРБОЗИ РАБУДАШУДАРО КУШТАНД

Мақомоти Покистон ҷасадҳои 21 сарбози ин кишварро, ки дар таърихи 27-уми декабр рабуда шуда буданд, пайдо кардаанд. Ба навиштаи расонаҳои покистонӣ, ин ҷасадҳо дар ҳудуди чаҳоркилометрии дуртар аз маҳале, ки ин сарбозон рабуда шуда буданд, пайдо шудаанд.

/images/stories/2012/12/30_pakistan-301212.jpgТолибон ин сарбозонро дар ҳамла ба як постгоҳ дар атрофии шаҳри Пешовар - маркази вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ, воқеъ дар наздикии марз бо Афғонистон, ба гарав гирифта буданд. Мақомоти покистонӣ мегӯянд, ки аз ҷумлаи 23 сарбози рабудашуда, яке ба таври мӯъҷизаомез фирор намуда ва дигаре бо тани маҷрӯҳ ҳамакнун дар бемористон қарор дорад.

Бино ба иттилои телевизиони GEO News, мақомоти покистонӣ кушта шудани ин сарбозоронро таъйид намуда ва ҷасадҳои онҳоро пас аз шиносоӣ, шаби шанбе ба якшанбе, ба наздиконашон супурдаанд.

Тибқи охирин хабарҳо, яке аз сарбозони аз банди Толибон фирорнамуда, мақомотро аз марги ҳамтоёни худ хабар додааст. Ба дунбол нерӯҳои давлатӣ ба ҷои ҳодиса шитофта ва ҷасадҳоро пайдо кардаанд.

Куштори ин сарбозон як рӯз баъд аз он иттифоқ афтод, ки раҳбари Ҳаракати Толибони Покистон Ҳакимуллоҳ Маҳсуд якҷо бо муовини худ Валиюраҳмон ва сухангӯи ин гурӯҳ Эҳсонуллоҳ Эҳсон тайи як навори видеоии 40-дақиқаӣ, омодагии "машрут"-и худ барои гуфтугӯ бо ҳукумати ин кишварро эълон карда буданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi