ҶАЛАСАИ СОЛОНАИ РАЁСАТИ «АНҶУМАНИ ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН»
Ҷаласаи солонаи раёсати «Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон» баргузор гардид. Дар он Қосимшо Искандаров, доктори илмҳои таърих, донишманди афғоншиноси тоҷик, раиси ин ниҳоди ҷамъиятӣ аз натоиҷи кори яксолаи анҷуман гузориш дод.
Бино ба гуфтаи Қосимшо Искандаров дар ҳамдасти бо сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тамоми он чорабиноҳое, ки амалӣ кардани онҳо дар соли 2012 пешбинӣ шуда буданд, иҷро гардида илова бар он маҳфилу нишастҳои зиёде бо ширкати сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохтаи ҳарду ҷониб, ки ба таҳкими робитаҳои илмиву фарҳангии ин ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя ва ҳамзабон таъсири мусбат доранд, баргузор карда шуданд.
Дар ин ҷаласа Қосимшо Искандаров аз нав раиси «Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон» интихоб гардид.
«Рӯзгор»