МАЪЛУМОТИ НОДУРУСТ БОИСИ АФЗОИШИ ҚАРЗИ КИТОБҲОИ ИҶОРА ГАРДИД
Комил Исоев, директори Маркази ҷумҳуриявии таҳия ва табъу нашри китоб зимни як ҳамоише, ки дар Душанбе баргузор гардид, иброз намуд, ки дар Тоҷикистон қарз аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ давоми 10 сол беш аз 22 миллиоу 281 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Аз Вазорати маориф ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ки дар ҷумҳурӣ қарз аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ аз соли 2001 то 31-уми декабри соли 2011- 22 281 532, 29 сомонӣ ва аз ҳисоби маводи таълимӣ, журналҳои синфӣ ва дафтарҳои машқи хат 1 721 285, 63 сомониро ташкил намудааст.
Комил Исоев дар ин ҳамоиш таъкид кардааст, ки ин гуна қарзҳо бо баъзе сабабҳо, аз ҷумла дер ворид шудани маблағҳо аз шӯъбаҳои ноҳиявии бонкҳо ба суратҳисоби махсуси вазорат ва нодуруст пешниҳод шудани маълумот аз ҷониби мутасаддиёни шӯъбаҳои маориф, мувофиқат накардани маълумотҳо доир ба ин масъала, ба миён омадааст.
Комил Исоев аз фаъолияти як қатор шӯъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ изҳори нигаронӣ кард ва ҳамзамон фаъолияти бархе аз онҳоро дар ин самт намуна нишон додааст.
Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»