04:33:11 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПЕНТАГОН: "ИСЛОМОБОД МАНБАИ НООРОМИИ АФҒОНИСТОН АСТ"

Дар гузориши нави Вазорати дифои Амрико гуфта мешавад, ки дар Афғонистон хушунат каме коҳиш ёфта, нерӯҳои афғон масъулияти бештари амниятӣ касб мекунанд.

/images/stories/2012/12/11_tolibon-111212.jpgДар як баррасӣ, ки Пентагон ё Вазорати дифои Амрико ба ҳимояти Конгресси ин кишвар солона ду бор анҷом медиҳад, омадааст, 68 ҳазор сарбози амрикоии мустақар дар Афғонистон ва муттаҳидини онҳо натавонистаанд ҷилави пешрафтҳои Толибонро гирифта, талафоти мулкӣ дар он кишварро маҳдуд созанд.

Вале ба гуфтаи ин гузориш, дар ҳоле ки нерӯҳои амрикоӣ барои хуруҷи комил аз Афғонистон омодагӣ мегиранд, идомаи мавҷудияти махфигоҳҳои амни Толибон дар Покистон ва тавони маҳдуди ҳукумати Ағонистон дар мубориза бар зидди фасод, таҳдидҳои ҷиддиро барои он кишвар ба бор овардааст.

Ин гузориши Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида, ки рӯйдодҳои моҳҳои апрел-сентябри соли ҷориро дар бар мегирад, рӯзи душанбе ба Конгресси Амрико таслим шуд. Дар ин гузориш аз беҳбуди равобит ва коҳиши танишҳо миёни Вашингтону Исломобод низ ёд шудааст. Танишҳое, ки баъд аз ҳамлаи ҳавоии НАТО дар моҳи ноябри соли гузашта, ки 24 сарбози покистониро кушта бар ҷо гузошт, ба вуҷуд омада буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi