22:07:39 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
27 28 29 30    

МУҲАММАД АЛӢ «ШОҲИ БОКС» ЭЪЛОМ ГАРДИД

Муҳаммад Алӣ (Кассиус Клей), муштзани 71 - сола, дар 50-умин ҷаласаи Шӯрои Ҷаҳонии  Бокс  (WBC) беҳтарин боксчии ҳама давру замонҳо ва ҳама халқу миллатҳои ҷаҳон, «Шоҳи бокс» эълон шуд. Ин нишаст дар шаҳри Канкуни Мексика баргузор гардид.

/images/stories/2012/12/10_1-mohammad-ali_king.jpgБарои хизматҳои шоёнаш дар рушди ин навъи спорт ба  ӯ унвони фахрӣ ва камарбанди «алмосӣ»-и қаҳрамони ҷаҳон ва тоҷи «шоҳӣ» тақдим шуд. Тоҷро ба сари Муҳаммад Алӣ Виталий Кличко, қаҳрамони кунунии ҷаҳон дар бокси ҳирфаӣ ниҳод. Камарбандро бошад, Серхио Мартинесии  аргентинӣ, яке аз дигар маъруфтарин чеҳраҳои ҷаҳони бокси ҳозира ба миёни Муҳаммад Алӣ баст. Дар маросими расмӣ беш аз 100 қаҳрамони ин навъи спорт ширкат дошт.

Муҳаммад 17-уми январи соли 1942 дар шаҳри Луисвилли иолати Кентукии ИМА дар хонаводаи як зангии африқоитабор таваллуд шудааст. Аз хурдсолӣ ба ин навъи спорт рағбат дошт. Соли 1960 дар синни 18-солагӣ дар бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Рим ширкат карда дар вазни миёна ба гирифтани унвони қаҳрамонӣ мушарраф мегардад. Баъди ин ба бокси ҳирфаӣ мегузарад. Соли 1964 ӯ  дар вазни вазнин қаҳрамони ҷаҳон Сани Листонро мағлуб сохта унвони қаҳрамониро дар ин навъи варзиши ҳирфаӣ соҳиб мешавад.

/images/stories/2012/12/10_2-mohammad-ali_king.jpgБаъди ин ғалаба ӯ мусалмон шуда аз Кассиус Клей ба Муҳаммад Алӣ тағйири ном мекунад. Дар тӯли 10 сол, аз соли 1964 то  соли 1974, Муҳаммад Алӣ борҳо қаҳрамони  мутлақи бокси  ҳирфаии ҷаҳон эълон мешавад. Ӯ дар ринги профессионалӣ қариб 20 сол фаъолият кардааст. Дар ин муддат аз 56 набарде, ки доштааст, дар 51 тояш ғалаба  намудааст. Ин муштзани бесобиқа 37 ғалабаро  бо нокаут ба даст овардааст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi