18:31:07 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРӢ БА МАРЗБОНОН БАЙРАҚИ ҶАНГӢ СУПОРИД

 

  Имрӯз дар Кохи Ваҳдат бахшида ба 15 - солагии таъсиси Артиши марзбони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд.

Сарвари давлат дар ҳузури иштирокчиёни ҷамъомад дар бораи таърихи ташкили Артиши марзбон ва саҳми он дар муҳофизати сарҳади давлатӣ сухан ронда, ҳозиронро ба муносибати 15 - солагии ташкили Артиши марзбони ҷумҳурии соҳибихтиёри Тоҷикистон ва Рӯзи марзбонони тоҷик табрик намуд.

Соли 1994 дар мамлакат Артиши марзбон ташкил намуда, ҳамон сол 28 май Рӯзи марзбонон эълон карда шуд. Артиши марзбон дар давоми 18 соли охир сарҳади давлатии мамлакатро ҳимоя карда, давлатҳои дигарро аз таҳдиди зуҳуроти замони ҳозира, аз ҷумла, терроризм, моҷароҷӯй, ифротгароӣ, қочоқи аслиҳа, маводи нашъадор ва ҷинояткории муташаккилонаи байналмилалӣ эмин нигоҳ медорад, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Қайд карда шуд, ки дар давоми 10 - соли охир хароҷоти умумӣ барои таъмини фаъолияти мақомоти муҳофизи қонун ва сохторҳои низомӣ аз 35 миллион сомонии соли 1999 дар соли 2009 то 600 миллион сомонӣ афзуд. Дар ин муддат хароҷоти таъмини фаъолияти артиши марзбон қариб 33 баробар афзуда, ба 63 миллион сомонӣ расид. 

Бо назардошти ислоҳоти соҳаи пардохти музди кор, беҳтар сохтани шароити зиндагӣ ва ҳимояи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти муҳофизи қонун аз соли 2006 сар карда, дар буҷети давлат мунтазам афзудани маоши онҳо пешбинӣ карда мешавад. 

Танҳо дар давоми панҷ соли охир музди кори кормандон ва хизматчиёни сохторҳо ва мақомоти зикршуда, қариб 10 баробар зиёд карда шуд. Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти душвориҳои фаъолияти Артиши марзбон музди кори онҳоро нисбат ба ҷузъу томҳои дигари Қувваҳои мусаллаҳ 1,3 баробар зиёд кард. 

Хизматчиёни ҳарбии Артиши марзбон аз аввали фаъолияташон то имрӯз ҳазорон нафар сарҳадшиканон ва вайронкунандагони тартиботи минтақаи сарҳадро дастгир карда, зиёда аз 800 мил аслиҳаи оташфишон ва бештар аз 10 тонна маводи нашъадорро мусодира карданд, зикр намуд Сарвари давлат.

Президенти ҷумҳурӣ дар фарҷоми ҷамъомад ба Артиши марзбони мамлакат байрақи ҷангӣ супорид. Онро фармондеҳи Артиши марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Шералӣ Мирзоев қабул кард.

Фарангис Раҳимова, АМИТ «Ховар» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi