02:35:28 20-уми Январи 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Январ 2022 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ОҒОЗИ ПАРВАНДАИ "РАБУДА" ШУДАНИ "ҚОРӢ ВОСИТ" ДАР РУСИЯ

Матбуоти Русия аз боз шудани парвандаи рабуда шудани шаҳрванди Тоҷикистон Абдулвосит Латифов дар хоки ин кишвар, хабар дод. Расонаҳои русӣ мегӯянд, Шӯъбаи тафтишотии Раёсати ҷустҷӯии Кумитаи бозрасии Русия дар ноҳияи Городишинои вилояти Волгоград, дар робита ба рабуда шудани Қорӣ Восеъ, собиқ фармондеҳи мухолифини пешини тоҷик, парванда боз кардааст.

/images/stories/2012/12/04_qori-vosit-41212.jpgИн парванда дар ҳоле боз мешавад, ки аз рабуда шудани Абдулвосит Латифов беш аз як моҳ мегузарад. Ба дунболи нопадид шудани "Қорӣ Восит" дар қаламрави Русия,  ҳамсараш дар сӯҳбат ба мо гуфта буд, ки ба таври расмӣ мақомоти Русияро дар ҷараён гузоштааст, аммо то ба ҳол фарзияеро дар мавриди нопадид шудани вай ироа накардаанд.

Аммо Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Абдулвосит Латифов, рӯзи 4-уми декабр ба мо гуфт, ки аз оғози бозрасии парвандаи рабуда шудани Қорӣ Восит дар Волгоград, аз тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ шудааст.

Абдулвосеъ Латифов, ки дар яке аз бӯстонсароҳои ноҳияи Городишинои Волгоград зиндагӣ мекардааст, рӯзи 20-уми октябр аз тарафи як гурӯҳ афроди мусаллаҳи ношинос рабуда шуд.

Пас аз як ҳафтаи рабуда шудани Қорӣ Восит модари ӯ, Латофат Имомова, ба мо гуфт, ки аз як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон фаҳмидааст, писараш феълан дар Душанбе ҳаст. Ӯ гуфт, ҳамон тавре ки огоҳ шудааст, Қорӣ Восит рӯзи 24-уми октябр, аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.

Аммо ба муроҷиати расмии вакили мудофеи Қорӣ Восит ҳам Кумитаи амнияти миллӣ ва ҳам Додситонии кулли Тоҷикисон расман посух доданд, ки Абдулвосит Латифов ба Тоҷикистон интиқол дода нашудааст ва дар кадом пинҳонгоҳи вазорати умури дохила ва ё кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ намешавад.

Сарҳанг Раҳматулло Нӯъмонов, сардори Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ ба мо гуфт, хабари нопадид ва гӯё ба Тоҷикистон интиқол ёфтани Абдувосит Латифов воқеият надорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi