15:06:05 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

СОБИРОВ: "ҲУКУМАТ НИЯТИ ПАРОКАНДА КАРДАНИ ҲДТ-РО ДОРАД"

Масъуд Собиров, раиси ҲДТ, пешниҳоди Кумитаи тадорукот, дар мавриди даъвати Анҷумани фавқулоддаи ҳизбро мухолифи оинномаи ҳизб ва қонунгузории кишвар медонад.

/images/stories/2012/12/03_sobirov-31212.jpgМасъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, рӯзи душанбе, 3-юми декабр, ба мо гуфт, ки мухолифи баргузории Анҷумани фавқулоддаи ҲДТ мебошад, зеро ба қавли вай, ин ҳамоиши ҷиноҳи демократҳо мухолиф ба оинномаи ҳизб ва қонунҳои ҷории кишвар мебошад.

Масъуд Собиров мегӯяд, таъсиси гурӯҳи тадорукот ва доман задан ба вазъи дохилии ҳизби демократӣ, кори дасти ниҳодҳои ҳукуматӣ мебошад, ки дар остонаи интихоботи 2013-и раёсати ҷумҳурӣ, мехоҳанд ин нерӯи сиёсии кишварро пароканда кунанд.

Қаблан, гурӯҳе аз аъзои Ҳизби демократи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот хостори баргузории анҷумани фавқулодаи ин ҳизб шуда, зимни чунин даъват ба раҳбари кунунии худ -- Масъуд Собиров, изҳори нобоварӣ карданд.

Муаллифони баёния, ки наздик ба 20 нафаранд, мегӯянд, таҳти раҳбарии ҷаноби Собиров ин ҳизб ба парокандагии бештар рӯбарӯ шуд ва эътибори он на танҳо дар саҳнаи сиёсӣ, балки дар миёни сокинони кишвар коҳиш ёфт. Онҳо барои даъвати анҷумани фавқулодда, Кумитаи тадорукот таъсис додаанд ва ният доранд зимни ин ҳамоиш, раиси навро интихоб намоянд.

Дар ҳамин ҳол Раҷаби Мирзо, узви гурӯҳи тадорукоти ҲДТ, ба мо гуфт, ки дар нимаи дуввуми ҳамин рӯз нишасти аъзои се ҷиноҳи ҳизби демократӣ сурат мегирад, ки яке аз вазоифи он даъвати Анҷумани изтирории ҲДТ мебошад. Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиш, рӯз ва вақти баргузории Анҷумани фавқулодда муайян карда шавад. Ба дунболи ҳамоиш дар назар аст, ки барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi