01:47:48 24-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ЭШТОН ДАР ДУШАНБЕ: ИСЛОҲОТИ СИЁСӢ, АМПАРО ВА 16 МИЛЛИОН $

Раҳбари идораи сиёсати хориҷӣ ва амнияти Иттиҳодияи Аврупо бо раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард.

/images/stories/2012/11/29_eshton-rahmonov-291112.jpgРаҳбари идораи сиёсати хориҷӣ ва амнияти Иттиҳодияи Аврупо Кетрин Эштон имрӯз (29-уми ноябр) дар Душанбе бо муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Матлубхон Давлатов созишномаи пуштибонӣ аз барномаҳои кишоварзии ҷумҳуриро имзо карданд. Бар тибқи ин созишнома, қарор аст, Аврупо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 16 миллилон доллар кӯмак кунад.

Имзои ин санад пас аз мулоқоти дусоатаи хонум Эштон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Баъд аз анҷоми ин мулоқот ӯ ба хабарнигорон роҷеъ ба мӯҳтавои сӯҳбатҳояшон гуфт, бо президент масоили мухталифи марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ кардааст.

Эштон гуфта, ки дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, зарурати анҷоми ислоҳоти сиёсӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши таъмини волоияти қонун, эҳтироми ҳуқуқи башар ва рушди ҷомеаи шарҳвандӣ таъкид кардааст. Вай гуфтааст, "созмонҳое ба монанди "Ампаро" барои беҳтар шудани фазои сиёсии кишвар ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ кӯмак мекунанд". Ин созмон, ки мавридҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар артиши Тоҷикистонро таҳқиқу интиқод мекунад, ахиран бо ҳукми як додгоҳи шаҳри Хуҷанд баста шудааст.

Ин соатҳо мулоқоти раҳбари идораи сиёсати хориҷӣ ва амнияти Иттиҳодияи Аврупо Кетрин Эштон бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷараён дорад. Ба ин мулоқот хабарнигоронро роҳ надоданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi