05:20:10 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲУКУМАТИ ИМА ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД МАКТАБ МЕКУШОЯД

Барномаи “Беҳдошти cубот дар Тоҷикистон” (ББСТ)-и Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) сохтмони мактаби ибтидоиро дар деҳаи Марҳамати ноҳияи Ашт ба итмом расонид. Мактаб иборат аз 4 синфхона буда, ҷойи хонишро барои 200 хонандаи аз синфи 1 то 4 фароҳам оварда, 4 муаллим ва директори мактабро бо ҷои кори доимӣ таъмин менамояд.

/images/stories/2012/11/27_1.maktab-usa-271112.jpgДар маросими супоридани мактаб яке аза масъулини барнома, хонум Макдоналд қайд намуд: “Ягон давлат бе дастгирии ҷавонони бомаърифат қуллаҳои баланди пешравиҳоро фатҳ ва сатҳи қашшоқиро паст накардааст. Аз ҳамин сабаб, мо бояд боварӣ ҳосил кунем, ки фарзандонамон соҳиби маълумоти хуб шаванд.

Бахусус ин барои духтарон муҳим аст, зеро онҳо на танҳо шаҳрванди фаъол бояд бошанд, балки бояд модарони бомаърифат шаванд, то ки фарзандони босаводро ба камол расонанд.” Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Ашт, ҷаноби Азизов Азимбой, раиси ҷамоати Ошоба Мӯминов Абдулҳай, волидон, кӯдакон ва аҳолии маҳал низ иштирок карданд.

/images/stories/2012/11/27_2.maktab-usa-271112.jpgББСТ нисбати таҳкими сулҳу субот дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон тавассути мусоидат намудан ба идоракунии беҳтар ва ҷалб намудани гурӯҳҳои «таҳти хавф қарор дошта» ва дарканормонда ба раванди фаъолгардонии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамояд. Барномаи мазкур бо аъзоёни ҷомеа ҷиҳати ҳалли мушкилоти дар 63 ҷамоати деҳоти вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт, Тавилдара ва қисми ҷанубии вилояти Хатлон фаъолият мекунад.

Барномаи Беҳдошти субот дар Тоҷикистон яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID дастгирӣ мешавад. Аз соли 1992 то ин ҷониб халқи Амрико маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоро барои барномаҳо ва кӯмаки башардӯстона ҷиҳати дастгирӣ намудани сохторҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷудо намудааст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi