00:44:43 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ГЕНЕРАЛ ДЕЙВИД ПЕТРЕУС АЗ РАҲБАРИИ ЦРУ ИСТЕЪФО ДОД

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, истеъфои генерал Дейвид Петреус аз мақоми раҳбари Созмони иттилоот ё СIA пазируфт.

/images/stories/2012/11/10_janobi-devid-101112.jpgГенерал Дейвид Петреус, раиси Созмони иттилооти Амрико ё CIA (ЦРУ), ба далели иртиботи номашрӯъяш аз мақоми худ истеъфо додааст. Хабаргузории Ассошиейтед-Пресс навиштааст, генерал Петреус рӯзи панҷшанбеи 8-уми ноябр ба Барак Обама, ки барои чаҳор соли дигар раисиҷумҳури Амрико интихоб гардид, номаи истеъфои худро таслим кардааст.

Ӯ рӯзи ҷумъаи нуҳуми ноябр пас аз дарёфти посухи расмии раисиҷумҳури Амрико гуфт, ки дар “қазовати худ бисёр заиф” амал кардааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи худи ӯ, чунин рафторе ба унвони раҳбари як созмоне чун созмони иттилоот (CIA) ва як ҳамсар ғайри қобили қабул аст.

Барак Обама низ бо судури баёнияе аз хидматҳои Петреус қадрдонӣ карда, ӯро яке аз генералҳои барҷастаи насли худ донистааст, ки ба Артиши Амрико кӯмак кард, то чолишҳои наверо пушти сар гузорад.

Тибқи ин гузориш, раисиҷумҳури Амрико муовини генерал Петреусро ба унвони сарпарасти Созмони иттилооти Амрико таъйин кардааст. Генрал Петруес 37 сол пеш бо Ҳоллӣ Петреус издивоҷ карда буд. Ӯ дар он замон донишҷӯи донишкадаи афсарӣ дар Академияи низомии Иёлоти Муттаҳида буд.

Хабари истеъфои Петреус дар ҳоле мунташир шудааст, ки тайи моҳҳои охир фаъолияти Созмони иттилоот дар ҷараёни ҳодисаи ҳамла ба консулгарии Амрико дар Бенғозӣ, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ, ки ба кушта шудани чаҳор амрикоӣ, аз ҷумла сафири Иёлоти Муттаҳида дар Либия сабаб шуд, мавриди интиқод қарор гирифта буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi