БОЗДОШТИ ҶАВОНЕ БА ЗАННИ ҚАТЛИ ДӮСТДУХТАРАШ ДАР ХАТЛОН
Додситонии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон алайҳи як ҷавони 19-сола ба иттиҳоми қатли духтаре 18-сола парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Юсуфҷон Юсуфзод, додситони ноҳияи Вахш, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон, гуфтааст, ки Достон Сабзаев, сокини ин ноҳия, дар қатли Фарангис Исматова, ки дӯстдухтараш буда, мазнун аст.
Ба гуфтаи вай, додситонӣ оқои Сабзаевро тибқи моддаи 104-и қонуни кайфарии Тоҷикистон ба занни иртикоби қатл боздошт кардааст. Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Оқои Юсуфзода мегӯяд, ки ин ҷавон ду сол боз бо Фарангис Исматова муносибати ошиқона доштааст. Додситонҳо муътақиданд, ки вай дар яке аз мулоқотҳо бо истифода аз рӯймолаш Фарангисро хафа карда ва ба қатл расондааст.
Маъмурони пулиси маҳаллӣ пас аз чанде ҷасади Фарангис Исматоваро дар наздикии манзилаш пайдо кардаанд. Достон Сабзаев дар пайи боздошт ба ҷурми худ иқрор кардааст.
Дар авоҳили моҳи марти соли ҷорӣ низ як духтари донишомӯз дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба қатл расида буд. Маъмурони пулис он замон гуфта буданд, ки ин духтар низ ба дасти ҷавоне, ки ошиқи ӯ шуда, вале ба пешниҳодаш ҷавоби рад гирифта буд, кушта шудааст.
Би-Би-Си