04:31:51 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

НАТИҶАИ ТАШХИС: "ҲАМЗА ХУДРО БА ДОР ОВЕХТААСТ"

Комиссияи экспертии Додситонии кулл натиҷаи ниҳоии ташхис роҷеъ ба сабабҳои марги Ҳамза Икромзодаро эълом кардааст.

/images/stories/2012/10/24_hamza-ikromzoda-241012.jpgКомиссияи экспертии Додситонии кулли Тоҷикистон натиҷаи ниҳоии ташхиси худро  оид ба сабабҳои марги Ҳамза Икромзода дар маҳбаси рақами аввал эълон карда гуфтааст, ки Ҳамза Икромзода дар маҳбас худро ба дор овехтааст.

Амир Икромов, бародари Ҳамза Икромзода рӯзи чаҳоршанбе 24-уми октябр ба мо гуфт, ки падараш Файзалӣ Икромов ва вакили мудофеъ рӯзи сешанбеи  23-юми октябр аз тарафи Додситонии кулли кишвар даъват шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, комиссияи ташхиси ҷасади Ҳамза Икромзода, ки аз тарафи Додситонии кулл таъсис дода шуда буд, онҳоро ба хулосаи ниҳоии ташхис шинос кардааст. Дар ин хулоса гуфта мешавад, ки аз рӯи нишонаҳо дар ҷасади Ҳамза Икромзода, вай худро «ба дор кашидааст» ва ин чиз сабаби марги ӯ шудааст.

Аммо Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеъи Ҳамза Икромзода гуфт, ки пас аз шинос кардани хулосаи экспертизаи додситонӣ дар мавриди марги Ҳамза, аз ӯ забонхат гирифтаанд, ки дар мавриди хулосаи ташхиси Додситонии кулл сӯҳбат накунад ва онро фош нанамояд. Аз ин рӯ Гулчеҳра Холматова роҷеъ ба ҷузъиёти хулосаи ташхис ҳарфе назад.

Амир Икромов, бародари Ҳамза Икроомзода гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳам вакили мудофеъ ва ҳам падараш ба нишони норозигӣ аз натиҷаи ташхис, ба Додситонии кулл шикоят бурданд ва тақозо намуданд, ки ҷасади Ҳамза аз нав ташхис карда шавад.

Ҳамза Икромзода, сокини 27 солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, 25 километрии ғарби Душанбе рӯзи 20 сентябр дар маҳбаси шумораи аввали пойтахт ба ҳалокат расид. Пайвандони ӯ мегӯянд, ки дар бадани вай из ва осори марги маҷбурӣ бо истифода аз дарзмоли тафсон мушоҳида мешавад. Аммо мақомот ин ҳодисаро худкушӣ меҳисобанд.

Пайвандони Ҳамза Икромзода барои ошкор ва ба ҷазо кашидани гунаҳкорони қатли ӯ ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва мақомоти давлати Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Гуфта мешавад, ки бозрасии ҳодисаи мазкур зери назорати бевоситаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Фазлуддин 24.10.2012 18:14
o zaxmhoe ki dar badano ikromzoda bud hij monandie ba xudkushi nadorad balki uro shikanja karda va ba utuku sim shikanja namudaand . in dar surathoi maktul guyo va oshkor bud.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi