15:37:29 01-уми Июли 2025 сол

ҲАМЛА БА НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ ЧИНӢ

Тибқи иттилоъи пулиси Тоҷикистон шоми рӯзи 22, сентябр намояндаи ширкати ҳавопаймоии Чини Ҷанубӣ дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

 

Ба гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати кишвари Тоҷикистон ин ҳодиса дар наздики кули "Ҷавонон" тахминан соати 23:00 рух додааст. Вай афзуд ду фарди номаълум ба Лю Изи Мини 37 сола, намояндаи ширкати ҳавопаймоии "Чини Ҷанубӣ" ҳамла карда ва "бо истифода аз зӯроварӣ" утумубили тамғаи "Таёта прада"-ро, ки моликияти ин ширкати ҳавопаймоии Чин будааст аз вай рабудаанд.

 

Оқои Асадуллоев афзуд, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷинойӣ боз шудааст ва таҳқиқи он идома дорад. Аммо тибқи иттилоъи бархе аз манобеъи дигари пулис ҳамлагарон ба шаҳрванди Чин дар Душанбе шоми рӯзи 23 сентябр боздошт шудаанд.

 

Ин дар ҳолест, ки ҳамла ба мақсади дуздии утумубил аз шаҳрванди Чин танҳо воқеъаи ҷиноӣ тайи чанд рӯзи ахир дар маркази шаҳри Душанбе набудааст.

 

Тибқи иттилоъи сухангӯйи вазорати кишвари Тоҷикистон, рӯзи 23 сентябр дар хиёбони Рӯдакии пойтахти Тоҷикистон Манучеҳр Мирзоеви 30 сола, фурушандаи асъори хориҷӣ тавассути афроди номаълум мавриди ҳамла қарор гирифта ва ба зарби чоқу кушта шудааст. Дар робита ба ин ҳодиса низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

 

Дар соли ҷорӣ ин барои бори нахуст нест, ки соҳибони дӯконҳои табодули арз мавриди ҳамла қарор мегиранд. ҳарчанд ослҳои қаблӣ мизони иртикоби чунин ҷароим коҳиш ёфта буд. Ҳамчунин дар осли ҷорӣ аз чанд мавриди ҳамлаи мусаллаҳона ба козино, бонкҳо ва ширкатҳои тиҷоратӣ гузориш шудааст.

 

Дар ҳамин ҳол бархе аз кормандони пулис мегӯянд, ки мавориди ҷароими марбут ба авбошӣ ва дуздӣ дар пойтахти Тоҷикистон дар соли ҷорӣ афзоиш ёфтааст. Омори расми низ аз афзоиши беш аз даҳдарсадии ҷароим дар Тоҷикистон хабар медиҳанд.

 

Зимнан созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла коршиносони Созмони Милали Муттаҳид дар авоили соли ҷорӣ афзоиши ҷароим дар Тоҷикистонро яке аз паёмадҳои эҳтимолии бӯҳрони иқтисодӣ унвон карда буданд.

 

Онҳо ин нигаронии худро худро бо дарназардошти бозгашти шумори зиёде аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба Тоҷикистон ва афзоиши бекорӣ дар ин кишвар дар кунфаронси вижае дар шаҳри Душанбе дар бораи таъсири бӯҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон иброз дошта буданд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ