ИДИ САИДИ ФИТР ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар остонаи таҷлил аз Иди Фитр 27 ҳазор хонавода дар пойтахти Тоҷикистон фурӯзонакҳои каммасрафи ройгон дарёфт кардаанд. Дар ин бора Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, субҳи рӯзи душанбеи 21 сентябр дар маросими адои намози ид дар масҷиди Имом Тирмизии шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба гуфтаи вай, давлати Тоҷикистон ба ҳар яке аз ин хонаводаҳо ҳаштдонагӣ аз ин фурӯзонакҳо эъто кардааст. Оқои Убайдуллоев аз намозгузорон даъват кард, ки ба афроди фақир чунин фурӯзонакҳоеро тақдим кунанд. Дар суханронии худ шаҳрдори Душанбе ҳамчунин сокинонро ба сарфаи нерӯи барқ даъват кард ва гуфт, ки яке аз роҳҳои ҳалли мушкили камбуди нерӯи барқ дар фасли зимистон истифода аз чароғҳои каммасраф аст.
Ин дар ҳолест ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ахиран аз афроди сарватманд ва аз куллияи сокинони кишвар даъват карда буд, ки “ба ҷойи маблағи фитри рӯза” ба мардуми камбизоъат фурӯзонакҳои каммасраф харидорӣ ва тавзеъ кунанд. Ба навбаи худ, оқои Раҳмон дар остонаи таҷлил аз Иди Фитр ба 360 хонаводаи фақир ҳаштдонагӣ аз ин фурӯзонакҳоро тақдим кард. Вай ҳамчунин даъват кард, ки аз ин иқдоми ӯ куллияи масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ пайравӣ кунанд.
Ба ин далел гузоришҳо ҳокист, ки бархе аз руасои вилоёт ва шаҳрҳову навоҳии Тоҷикистон дар остонаи таҷлил аз Иди Фитр ба сокинони камбизоъат чароғҳои каммасраф эъто кардаанд. Маҳмадсаид Убайдуллоев дар маросими адои намози ид ҳамчунин хабар дод, ки 5-6 октябр дар пойтахти Тоҷикистон аз 1310-солагии Имоми Аъзам ё Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, раҳбари мазҳаби ҳанафӣ, ки бештари мардуми Тоҷикистон пайрави ӯянд, таҷлил мешавад.
Ба гуфтаи вай, интизор меравад дар ин маросим беш аз 500 пажӯҳишгар ва донишманди исломшинос аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат кунанд. Зимнан, президенти Тоҷикистон низ дар паёми шодбоши худ ба мардуми ин кишвар дар робита бо таҷлил аз Иди Фитр аз далоили таваҷҷӯҳи давлат ба Имоми Аъзам сӯҳбат кардааст.
Ба гуфтаи оқои Раҳмон: “Аз Имоми Аъзам оғоз ёфтани бозомӯзии мероси исломӣ дар ҷомеъаи мо бесабаб нест. Хидматҳои шоистаи ӯ дар рушди дини ислом ва ташаккули шариъати исломӣ воқеъан мояи ифтихори на танҳо тоҷикон, балки аксари мусалмонони ҷаҳон аст.”
Вай ҳамчунин афзудааст: “Имоми Аъзам мазҳаберо асос гузоштааст, ки дар ҳар давру замон ба хостаҳои эътиқодӣ ва моддиву ахлоқии мусулмонон мувофиқ буда, комилан ҷавобгӯйи ниёзҳои мӯътақидонаш мебошад.”
Ин суханон дар ҳолест, ки мунтақидони Президент Раҳмон аз ӯ ба хотири ончи дур шудан аз усули қонуни асосии Тоҷикистон медонанд, интиқод кардаанд. Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон ҳеч идеулужие набояд ба унвони идеулужии давлатӣ ё расмӣ дар Тоҷикистон пазируфта шавад. Аммо ба гуфтаи мунтақидон, оқои Раҳмон бо таъкид гузоштан бар арзишҳои мазҳаби Ҳанафия ин аслро зери по гузошта ва ҳуқуқ ва манофеъи афроди зиёдеро, ки ҳанафимазҳаб нестанд, нодида гирифтааст. Оқои Раҳмон қаблан дар як суханронӣ дар миёни солхӯрдагон аз рӯҳониён хоста буд, ки афроди ба гуфтаи вай "дорои ақоиди бегона"-ро ба маҳофили худ роҳ надиҳанд. Вай ҳамчунин масъулони омӯзишу парваришро дастур дода буд, ки барномаҳои таълимиро бо усули ҷаҳонбинии ҳанафӣ мутобиқ кунанд.
Зимнан, аз оғози соли нави таҳсил фанни ҷадиде ба номи "Маърифати ислом" дар мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон ба роҳ андохта шуд, ки ба гуфтаи манобеъи давлат, ҳадаф аз он ҷилавгирӣ аз гаройиши донишомӯзон ба ҷараёнҳои ғайриҳанафӣ будааст. Аммо мунтақидон ин амрро хилофи арзишҳои як давлати секулор ва дар баробари маҳозиби дигар, аз ҷумла, масеҳиён ва пайравони фирқаи шиъаи исмоъилӣ, ки бахше аъзаме аз ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, табъизомез хондаанд.
Дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди соҳибназарон, дар соли ҷорӣ барои бори нахуст дар чанд соли ахир болоравии маъмулии арзиши мавод ва колоҳо дар бозорҳои Тоҷикистон дар моҳи Рамазон ва дар остонаи Иди Фитр мушоҳида шудааст. Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон пайваста аз туҷҷор даъват мекарданд, ки аз афзоиши қиматҳо дар моҳи Рамазон парҳез кунанд, вале коршиносон ин амрро бештар ба вазъи бӯҳронӣ ва камбуди маболиғи сокинони кишвар марбут медонанд.
Зимнан, аз соли 1991 ба ин сӯ, баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон, аз ҷашнҳои мазҳабӣ, назири Иди Фитр ва Иди Қурбон дар ин кишвар дар сатҳи давлатӣ таҷлил шуда, ин рӯзҳо таътил эълом шудаанд.
Би-Би-Си