03:03:59 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

БЕШ АЗ 140 КУШТА ДАР ОБХЕЗИҲОИ ҶАНУБИ РУСИЯ

Шумораи кушташудагони обхезӣ дар ҷануби Русия ба беш аз 140 нафар расидааст. Ба гузориши хабаргузориҳо, мақомҳои расмии Русия то кунун дар бораи сабабҳои кушта шудани шумораи зиёди мардум бар асали сел дар минтақаи Краснодар дар ҷануби Русия тавзеҳе надодаанд ва танҳо гуфтаанд, ки сел ба сабаби бориши борон ҳангоме ҷорӣ шудааст, ки мардум дар хоб будаанд.

/images/stories/2012/07/08_obkhezi-080712.jpgИн дар ҳолест, ки ҳизби «Яблоко», аз аҳзоби мухолифи давлати Русия иддао кардааст, ки сарозер шудани об аз як махзани бузурги кӯҳистонӣ, сабаби афзоиши кушташудагон шудааст. Ба иттилои расмӣ, бештари қурбониён – сокинони шаҳри Кримск буданд. Дар Геленҷик  ва Новороссийск ҳам бар асари офати табиӣ чанд нафар ҷон бохтанд.

Обхезӣ ба тақрибан 13 ҳазор манзили зист осеб расондааст. Роҳҳо хароб ва робитаи телефонӣ маҳдуд шудааст. Рӯзи шанбе дар Геленҷик ва Новороссийск режими вазъи фавқулодда ҷорӣ карда шуд.

Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ба минтақаи офати табиӣ наҷотбахшонро фиристод ва эълом дошт, ки дар сурати зарурат кӯдаконро аз удругоҳҳои тобистонаи Кубан ба мавзеъҳои амнтар интиқол хоҳад дод. Дар рафъи паёмадҳои офати табиӣ низомиён ширкат доранд.

Мақомоти додситонии Русия бар асари ҳалокати теъдоди зиёди одамон дар офати табиӣ тафтишоти муқаддамотиро шурӯъ кардаанд. Раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин, вазири рушди минтақаӣ Олег Говорун ва вазири ҳолатҳои изтирории Русия Владимир Пучков ба ҷойи ҳодиса рафтанд.

Ба гузориши телевизиони давлатии Русия, Влидимир Путин, раиси ҷумҳури ин кишвар низ бо чархбол аз минтақаи селзадаи Краснодар боздид кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi