16:04:28 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Ба муносибати «Рӯзи Ваҳдат» бо ибтикори дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҶТ» мизи мудаввар баргузор гардид.

/images/stories/2012/06/26_ozodii-inson_1_260612.jpgЗариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии хеш, ки ба мавзӯи «Нақши ваҳдати миллӣ дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон» бахшида шуда буд, андешаҳои худро дар бораи ҷаҳду талошҳои ҳукумат дар самти таъмини ҳуқуқҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба истиқлолият расидани он дар соли 1991 иброз дошт.

Бино ба гуфтаи Зариф Ализода бо роҳи раъйпурсӣ қабул кардани Конститутсияи Тоҷикистон дар соли 1994 нахустин қадами ҷиддие буд дар таҷрибаи давлатдории тоҷикон дар роҳи таъмини ҳуқуқҳои инсон дар кишвар. Вале ин иқдом ба осонӣ гузошта нашуд. Дар минтақа нирӯҳое буданд, ки мехостанд ҳадафҳои стратегии худро бо роҳҳои гуногун пиёда намоянд, Тоҷикистонро чун ҳалқаи сусти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истифода баранд.

/images/stories/2012/06/26_ozodii-inson_0_260612.jpg

Онҳо мехостанд проблемаҳои минтақаро дар Тоҷикистон ҳаллу фасл кунанд. Яке аз сабабҳои асосии низои шаҳрвандии Тоҷикистон ҳам дар ҳамин буд. Вале раҳбарони давлат ва собиқ мухолифин бо камоли масъулият ба дарки вахомати вазъият расиданд ва кӯшишҳо ба харҷ доданд, ки ҳарчи тезтар дар кишвари мо сулҳу субот ва оштии миллӣ барқарор гардад.

/images/stories/2012/06/26_ozodii-inson_2_260612.jpgСулҳу суботе, ки натиҷааш ба таъмини ҳуқуқҳои инсон дар ҷомеъа асос гардид. Дар ин ҷода асноди сулҳ ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар беш аз пеш мусоидат мекарданд, гуфт дар идомаи суханаш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.

Дар ин мизи гирд Дилшод Сафаров, устоди Кафедраи ҳуқуки инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзӯи «Нақши ҳуқуқу озодиҳои инсон дар таҳкими сулҳу ваҳдат», Аҳад Содиқов, сардори шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдори  оид ба ҳуқуқи инсон, Саодат Машрабова, сармутахассиси шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсва граждании Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Сулҳу ваҳдат омили асосии пешрафти ҳуқуқӯ озодиҳои инсон» маърӯза карданд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi