08:15:33 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДУ ШАҲРВАНДИ ФАРОНСА СЕ МИЛИСАИ ТОҶИКРО ЛАТУКӮБ КАРДАНД?

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз латту кӯб шудани як гурӯҳи милисаҳои тоҷик аз сӯи шаҳрвандони Фаронса хабар медиҳад.

/images/stories/2012/06/06_milisa-06062012.jpgМаҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ  гуфт, ду рӯз қабл, шабона, дар соати 23:00 дар назди Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ, шаҳрвандони Фаронса хонум Малки Малика, атташеи Комиссияи Аврупо ва ҷаноби Ҷалол Каззу, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштанд, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, лейтенант Файзов Гулмурод, майор Шододов Далер, майор Қурбонов Рамазон дарафтода, онҳоро латукӯб намудаанд.

Дар натиҷа кормандони милитсия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад. Дар ҳамин ҳол Маҳбуба Абдуллоева сухангӯи дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки  дар ҳақиқат хонум Малика Малки атташеи Комиссияи Аврупо мебошад ва оғои Ҷалол Каззу шавҳари хонум ҳастанд.

Вай афзуд, ки феълан аз ин бештар дар робита ба ин ҳодиса чизе гуфта наметавонад ва ин масъала дар назди сафири Иттиҳодияи Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Маҳбуба Абдуллоева, сухангӯи намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳодисаи мазкур мавриди омӯзиш қарор дорад. Ва шояд дар рӯзҳои наздик ҷузъиёти он ба матубот гуфта шавад.

«Озодӣ»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi