14:37:05 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

НАТО АЗ РОҲИ ОСИЁИ МИЁНА АФҒОНИСТОНРО ТАРК МЕКУНАД

Се ҷумҳурии Осиёи Миёна мувофиқат кардаанд, ки ба НАТО иҷоза диҳанд васоит ва таҷҳизоти низомии худро бо истифода аз хоки онҳо аз Афғонистон хориҷ кунад.

/images/stories/2012/06/05_nato_secretary_2012.jpgОнрес Фу Росмусен, дабири кулли НАТО, рӯзи душанбеи 4 июн эълом кард, ки "НАТО бо Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мувофиқатномае имзо кардааст, ки хурӯҷи ин созмон аз Афғонистонро тасҳил мекунад."

Дабири кулли НАТО гуфт: "Тавофуқ бо ин кишварҳо гузинаҳои ҷадидеро дар ихтиёри мо мегузорад ва мо аз як шабакаи пешрафтаи ҳамлу нақл баҳра хоҳем бурд."

НАТО мегӯяд бо таваҷҷуҳ ба ин ки аз қабл мувофиқатномаи мушобеҳеро бо Русия низ доштааст, мувофиқати ин се кишвари Осиёи Миёна ба ин созмон иҷоза хоҳад дод, ки таҷҳизоти низомии худ дар Афғонистонро аз роҳи замин ба Урупо мунтақил кунад.

Дабири кулли НАТО ҷузъиёти бештаре дар ин маврид ироа накард, аммо зоҳиран имзои ин мувофиқатномаҳо ба ин маъност, ки нерӯҳои НАТО барои хурӯҷ аз Афғонистон ниёзманди роҳҳои Покистон нахоҳанд буд.

Покистон, ки аслитарин роҳи тадорукотии НАТО ба Афғонистон ба шумор мерафт, шаш моҳ пеш ва дар пайи кушта шудани 24 сарбози ин кишвар дар ҳамалоти ҳавоии "ғайримуддаъӣ"-и ҳавопаймоҳои омрикоӣ марзи худро ба рӯйи корвонҳои тадорукотии НАТО баст.

Моҳи гузашта ва дар остонаи ҳамоиши сарони НАТО дар Шикогу мақомҳои покистонӣ барои бозгушоии роҳи тадорукотии НАТО чанд шарт гузоштанд.

Узрхоҳии Омрико аз кушта шудани сарбозони покистонӣ, пардохти 5 ҳазор дулор барои ҳар комюне, ки аз хоки Покистон мегузарад ва таваққуфи ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар манотиқи қабоилӣ аз ҷумлаи ин шароит аст.

Шаш моҳ пеш пас аз он ки Покистон масири тадорукотии НАТО-ро баст ин созмон дар пайи ёфтани масири ҷадиде барои хурӯҷи таҷҳизоти худ аз Афғонистон шуд.

Интизор мерафт, ки дар ҳамоиши Шикогу раиси ҷумҳурии Покистон дар ин маврид тасмими ниҳоии кишварашро эълом кунад, аммо пешрафте ҳосил нашуд ва музокирот ба ҷое нарасид. 

Интиқоли таҷҳизоти НАТО аз Афғонистон қарор аст дар поёни имсол оғоз шавад.

 

Ҳамчунин қарор аст НАТО масъулияти амнияти Афғонистонро то авосити соли оянда ба сурати комил ба нерӯҳои афғон биспорад ва то поёни соли 2014 тамомии нерӯҳои худро аз ин кишвар берун кунад. Шумори нерӯҳои амниятии афғон то чанд моҳи оянда ба 350 ҳазор нафар хоҳад расид.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi