18:40:37 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲУСНӢ МУБОРАК БА ҲАБСИ АБАД МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи шаҳри Қоҳира раисиҷумҳури пешини Миср Ҳуснӣ Муборакро ба ҳабси абад маҳкум кард. Ҳуснӣ Муборак барои содир кардани дастури куштори ҳудуди 850 нафар дар ҷараёни тазоҳуроти мухолифон дар моҳи феврали соли 2011 муттаҳам шуд.

Дар ҷараёни мурофиаи имрӯз додгоҳ эълом дошт, ки маҳз Муборак амри тирпарронӣ сӯи эътирозгаронро содир кардааст. Аз ин пеш айбдоркунанда барои Ҳуснӣ Муборак ва собиқ вазири умури дохилӣ Ҳабиб ал-Адлӣ ҳукми эъдом аз тариқи ҳалқовезиро талаб карда буд. Ал-Адлӣ ҳам ба ҳукми абад маҳкум гардид.

Ҳуснӣ Муборак ҳамчунин дар фасод айбдор мешавад. Ҳамроҳ бо ӯ писаронаш Ало ва Ҷамол ва шаш раҳбари хадамоти амниятӣ низ ба додгоҳ кашида шудаанд. Аммо ҳар ду писари раиси ҷумҳури пешини Миср аз додгоҳ бегуноҳ бадар омаданд.

Бир пояи хабарҳо, мақомот барои таъмини тартибот дар канори Академияи полиси Қоҳира, ки мурофиа он ҷо мегузашт, ҳудуди 5 ҳазор корманди полис ва 2 ҳазор сарбозро сафарбар карда буданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi