18:29:55 02-уми Июни 2025 сол

ДАР ТОҶИКИСТОН 3500 НАФАР БА СПИД ГИРИФТОРАНД

Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳамоише ёдоварӣ шуд, ки дар даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон  500 нафар аз бемории AIDS ё СПИД даргузаштаанд. Дар ҳамоиш намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮСАИД, пизишкону кормандони беморхонаҳои Душанбе  ва марказҳои мубориза бо СПИД ва бемориҳии сил ширкат доштанд.

Севара Комилова-масъули созмони ғайридавлатии «Гули Сурх», ки ин созмон алайҳи СПИД ва HIV фаъолият мебарад мегӯяд, ки ҳар сол  ҳафтаи севвуми моҳи  май дар ҷаҳон рӯзи ёдбуди қурбоншудагони СПИД ва HIV намоишҳо баргузор мешавад. Вай меафзояд: “Дар семоҳаи аввали соли 2012 шумораи бақайдгирифтагиҳо зиёд шудааст ва ин маънои онро надорад, ки беморон зиёд шудаанд. Шумораи аз ташхис гузаштагон зиёд шудааст”.

То моҳи декабри соли 2011 шумораи гирифторони бемории СПИД 3400 нафар муайян шуда буд, вале дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ин шумора 100 нафари дигар изофа шуд. Дар Тоҷикистон дар давоми даҳсолаи ахир ҳудуди 500 нафар аз ин беморӣ ҷон додаанд. Ба иттлои Маркази мубориза бо СПИД дар Тоҷикистон шумораи хурдсолон, аз ҷумла шумораи навзодону кӯдакони гирифтори HIV ба 100 нафар расидааст.
«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854