15:38:45 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БАҲСИ ЭРОНУ СУРИЯ ДАР МУЗОКИРОТИ РАҲБАРОНИ G8

Раисиҷумҳури Амрико дар Кемп Девид аз раҳбарони 8 кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон ё G8 истиқбол кард. Дар Кемп Девид мулоқоти дурӯзаи раҳбарони ин кишварҳо баргузор мешавад ва зоҳиран дар ин мулоқот буҳрони қарзии Юнон ва буҳрони қаламрави истифодаи пули евро дар маркази таваҷҷуҳ хоҳад буд.

/images/stories/2012/05/19_saroni-spad_19-5-12.jpgБо вуҷуди ин, баррасиҳои шоми ҷумъа ба барномаҳои зиддунақизи Эрон, нооромии Сурия ва Кореяи Шимолӣ иртибот доштааст. Мақомоти Амрико мегӯянд, Ҷӣ-8 розӣ шудааст, ки Эрон бояд ҳадафи баландпарвозонаи барномаҳои ҳастаии худро бештар боз кунад ва Сурия бештар ба масъалаи гузори сиёсӣ таваҷҷуҳ дошта бошад.

Хабаргузории “Ройтерз” ба нақл аз як мақоми олирутбаи амрикоӣ аз “тавофуқи куллии сарони 8 кишвари саноатии ҷаҳон бар сари масъалаи фаъолиятҳои атомии ҷумҳурии исломӣ" хабар додааст. Ба гуфтаи ин мақоми амрикоӣ, ҳамаи сарони ҳозир дар Кемп Девид ҳамчунин таъкид кардаанд, ки лозим аст, Теҳрон бо “қадамҳои айнӣ ва рӯшан” ҷомеаи байнулмилалиро аз мақсадҳои сулҳомези худ мутмаин созад.

Дар остонаи ин мулоқот Барак Обама ишора кард, ки аз барномаҳои танзими молии Аврупо ҳимоят мекунад ва дар Кохи Сафед бо Франсуа Олланд, раисиҷумҳури нави Фаронса мулоқот анҷом медиҳад.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi