02:36:39 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БАРНОМАИ НАВИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО НАШЪАМАНДӢ

Давлати Тоҷикистон «Барномаи миллии ҷилавгирӣ аз густариши нашъамандӣ» барои солҳои 2013-2017-ро тасдиқ кардааст.

/images/stories/2012/05/07_vazorati-narkotik_7.5.12.jpgИн саввумин барномаи давлати Тоҷикистон ба манзури пешгирӣ аз паҳншавии бемории нашъамандӣ ва тақвияти мубориза алайҳи ин падидаи зиёновар мебошад, ки барои ҳар панҷ сол қабул мешавад. Барномаи пешинаи давлати Тоҷикистон то охири соли 2012 идома пайдо хоҳад кард, ки масъули иҷрои он Оҷонсии мубориза бо маводи нашъаовари назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Бобоҷони Шафеъ, сухангӯи Оҷонсии мубориза бо маводи нашъаовари назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзи душанбеи 7 май ба мо гуфт, ки ҳадаф аз рӯи даст гирифтани Барномаи мазкур, таҳкими мубориза ба муқобили густариши бемориҳои вобаста ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон аст.

Ба иттиллои ҳамин манбаъ, дар асоси ин барнома, вазъи истеъмоли маводи мухаддир ва шумораи дақиқи нашъамандон дар ҷумҳурӣ муайян шуда ва тадбирҳои мушаххас ҷиҳати боздошти ин раванд амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумлаи ин тадбирҳо бо шароити феълӣ мутобиқ кардани бемористонҳои наркологӣ ва тарбият ва такмили ихтисоси пизишкони соҳа, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин кардани марокизи офиятбахшӣ, ки баъди табобат бояд мӯътодон дар он давраҳои вижаи барқароршавии саломати худро гузаронанд, мебошад.

Ин барнома бо маблағгузорӣ аз будҷаи давлатӣ, кӯмак ва қарзҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилоту муассисаҳои хайрия ва низ сармоягузорони алоҳида татбиқ карда мешавад ва масъулияти иҷрои он ба дӯши вазорати тандурустии Тоҷикистон вогузор шудааст.

Бар пояи маълумоти Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, то моҳи январи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 7117 нафар шахси мубтало ба нашъамандӣ расман ба қайд гирифта шудааст. Аммо  гуфта мешавад ин шумора дар асл бамаротиб бештар аз арқоми расмист.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi