18:35:12 02-уми Июни 2025 сол

ЛАТУКӮБИ РАИСИ ҶАМЪИЯТИ УЗБАКТАБОРОНИ ХАТЛОН

Раиси ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон мавриди лутукӯби афроди номаълум қарор гирифтааст.

/images/stories/2012/05/07_latukubi-rais-7.5.12.jpgCалим Шамсиддинов, раиси ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон ба Озодӣ гуфт, се нафар шахси ношинос нимаи дуввуми рӯзи ҷумъа ӯро дар наздикии манзилаш воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди латукӯб қарор додаанд. Шамсиддинов аз ноҳияи сар ва пойҳояш ҷароҳат бардоштааст.

Оқои Шамсиддинов мегӯяд, ки афроди ҳамлагарро намешиносад, аммо онҳо тануманд буданд ва ӯро интизорӣ мекашиданд. Вай гуфт, ки ҳангоми латукӯб шуданаш як корманди ШКД-и Қӯрғонтеппа, ки аз маҳали ҳодиса мегузашт, ба кӯмакаш расидааст, ки дар натиҷа афроди ҳамлавар фирор карданд.

Шоҳидон мегӯяд, ду нафар аз ҳамлаварон ҳангоми фирор ба худрави ғолибан тамғаи Мерседес савор шуда ва яке дигар пиёда аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Раиси ҷамъияти узбактаборони Хатлон ин ҳамларо ба мусоҳибаҳои ахираш, ки аз мақомоти давлати Тоҷикистон интиқод карда буд, рабт медиҳад. Масъулони ШКД-и Қӯрғонтепп мегӯянд, ки айни ҳол тафтиши ин ҳодиса ва ҷустуҷӯи ҳамлаварон идома дорад.
«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854