18:33:24 02-уми Июни 2025 сол

ТОҶИКИСТОН ДАР НИШАСТИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИҲОИ ШОНГҲОЙ ШИРКАТ МЕКУНАД

Вазирони умури хориҷии кишварҳои узв дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзи 11-уми май дар Пекин мулоқот хоҳанд кард.

Ба гуфтаи намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин, Лю Вэймин, онҳо дар ин дидор мулоқоти сарони кишварҳоро омода мекунанд, ки қарор аст, дар моҳи июн баргузор шуда, масъалаҳои рушди созмон ва имзои санадҳои наве марбут ба амният, сиёсат, тиҷорат ва иқтисодиётро баррасӣ хоҳад кард.

Вазирони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро раисиҷумҳури Чин, Ҳу Ҷинтао ба ҳузур хоҳад пазируфт ва бо бархе аз онҳо мулоқоти дуҷониба хоҳад дошт. Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар соли 2001 аз тарафи Русия, Чин, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон таъсис ёфта, Эрон, Ҳинд, Муғулистон ва Покистон дар он мақоми нозир доранд.

Ба Ҷумҳурии Беларус ва Шри Лонко дар он мақоми шарики муколама дода шуда, аризаи узвияти Эрон рад шуда, Афғонистон дар соли 2011 дархости узвият кардааст.
«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854