15:27:26 03-уми Июни 2025 сол

ДИДОР БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ АФҒОНИСТОН

Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафури Орзу аъзои раёсати Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Афғонистонро ба ҳузур пазируфт ва бо онҳо мулоқот доир намуд.

/images/stories/2012/04/29_anjuman-29412-2.jpgДар ин дидорбинӣ, ки бо ибтикори раёсати Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор гардид, Қосимшоҳ Искандаров, раиси  ин Анҷуман, доктори илмҳои таърих ва  ҷаноби Абдулғафури Орзу  атрофи масоили муносибатҳои фарҳангии тарафайн ва нақши ин Анҷуман дар равнақи ин муносибатҳо ибрози нуқтаи назар намуданд.

Азҷумла қайд карда шуд, ки  агарчи муносибатҳои  дуҷонибаи дӯстонаи ин ду кишвар ҳанӯз аз даврони шӯравӣ роҳандозӣ шуда бошанд ҳам, вале дар замони соҳибистиқлолӣ мазмуну тобишҳои дигареро ба худ касб карданд. Дар рушди ин муносибатҳо Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Афғонистон нақши созанда мебозад.

/images/stories/2012/04/29_anjuman-29412-1.jpgИн ниҳод 52 сол боз дар беҳтар шудани муносибатҳои ду давлати ҳамсарҳаду ҳамзабон, ҳамфарҳангу ҳамдин саҳми арзанда мегузорад. Дар ин мулоқот аъзои собиқадори ин ниҳод, афғонистоншиносони машҳури кишвар Сайфуллоҳ Саидов, Савлатшо Мерганов, олимону журналистони варзида Амиршоҳи Нурмуҳамад, Раҳматшоҳ Маҳмадшоев, Нуралӣ Давлатов ва дигарон ширкат ва суханронӣ намуданд.

Имодуддин Бежани Салҷуқӣ, атташеи фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва хонум Толуқонӣ, консули сафорат аз корҳои анҷомдодаву нақшаҳои ояндаи худ дар ин самт ба ҳозирин иттилои муфидеро ироа карданд.

Дар ин дидорбинӣ зикр гардид, ки Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон дар ҳамкории зич бо сафорати ҶИА тибқи нақшаи худ дар соли ҷорӣ як силсила чорабиниҳои фарҳангиву адабиро доир менамояд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854