03:18:03 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОЗДОШТИ НИЗОМИЁНИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН

Вазорати кишвари Тоҷикистон аз боздошти ду тан аз низомиёни пойгоҳи Русия дар ин кишвар хабар дод. 

Гуфта мешавад ин ду нафар дар қатл ва ғорати як ронандаи токсӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар авоили моҳи гузашта рух дода буд, мазнун дониста мешаванд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати кишвари Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 10 октябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки бозрасони ин ниҳод рӯзи гузашта дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ду тан аз низомиёни воҳиди низомии 28804, вобаста ба пойгоҳи Русия дар Тоҷикистонро боздошт карданд.

Ба гуфтаи вай, сержантҳо (гурӯҳбонҳо) Дмитрий Кучма ва Вячеслав Чернов, ки ҳар ду шаҳрванди Русия ҳастанд, дар қатли як ронандаи токсӣ мазнун дониста шудаанд ва аз онҳо шавоҳиди моддӣ низ дар ин замина ошкор ва мусодира шудааст.

Гуфта мешавад иҷозаи боздошти ин афрод дар пайи таҳқиқи ҳодисаи қатли Муродов А.Х., як ронандаи токсӣ, содир шудааст. Манобеъи Вазорати кишвар ба далели мухтал накардани раванди таҳқиқи парванда аз ироаи ҷузъиёти ин ҳодиса худдорӣ карданд. Вале гуфтанд, ки масъулони пойгоҳи низомии Русия дар ин робита огоҳ карда шудаанд.

Ба навбаи худ, масъулони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ карданд, вале гуфтанд, ки ин мавзӯъ мавриди таҳқиқ қарор дорад. Дар гузашта низ аз чанд мавриди гумонбар шудани низомиёни Русия дар Тоҷикистон дар иртикоби ҷароими мухталифе гузориш шуда буд. Вале барои бори нахуст аст, ки ду низомии рус дар ин кишвар дар иртикоби ғорат ва қатл мазнун дониста мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки мавзӯъи ҳузури низомиёни Русия дар Тоҷикистон дар солҳои ахир дар меҳвари тавваҷуҳи ҷомеъа қарор дорад ва баҳсҳое дар бораи идомаи ҳузури онҳо дар Тоҷикистон ахиран матраҳ шудааст. Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон соли 2004 баъд аз имзои тавофуқоте миёни ду кишвар таъсис шуд. Он замон қарор бар ин буд, ки Тоҷикистон барои таъсиси ин пойгоҳ иҷоза диҳад ва ҳамчунин маркази таҳқиқоти кайҳонии мавсум ба “Окно”-ро дар ихтиёри Русия гузошт.

Дар ивази ин, Русия бидеҳиҳои Тоҷикистонро муъоф кард ва мебоист сохтмони нерӯгоҳи Роғунро оғоз кунад. Вале ба далоили мухталиф иҷрои тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба таъвиқ уфтод. Тибқи иттилоъи манобеъи Русия, дар дидори ахири Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии он кишвар, бо Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи гузашта, раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори пардохти маблағи иҷора барои пойгоҳи Русия шудааст. Ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистон то ҳол ройгон аст.

Манобеъи Кремлин мегӯянд дастур шудааст, ки коршиносони ҳар ду кишвар ба баррасии ин мавзӯъ машғул шаванд. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар ҷараёни сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Русия, ки интизор меравад дар моҳи ҷорӣ сурат бигирад, ин мавзуъ низ баррасӣ шавад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi