16:15:44 03-уми Июни 2025 сол

ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУСИҚИИ ҶОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Аз 27 то 29 апрел дар шаҳри Душанбе фестивали сеюми байналмилалии мусиқии ҷозӣ бо ширкати дастаҳои ҳунарӣ аз кишварҳое ҳамчун Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад.

/images/stories/2012/04/20_directori-koncervatoria_201.jpgДар ин бора дар як нишасти матбуотие, ки дирӯз, 19-уми апрел дар  толори Консерваторияи Миллии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов ба вуқӯъ пайваст, ташкилкунандагони ин чорабинӣ ба хабарнигорон маълумот доданд. Ин ҷашнвора бо ибтикор ва мусоидати Дафтари ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон, Маркази фарҳангии «Бохтар» ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар ҳарду сол як маротиба дар пойтахти кишвар гузаронида мешавад.

Дар фестивали имсола аз Тоҷикистон панҷ гурӯҳи ҳунарӣ аз қабили «Avesto», «Мизроб», «Пайванд», «Даҷ» ва  гурӯҳи Ҷасур Халилов ширкат хоҳанд кард.

/images/stories/2012/04/20_jasul-khalilov_2012.jpgЧуноне, ки Раҷабмад Амиров, ректори Консерваторияи миллӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, дар чаҳорчӯбаи ҷашнвора панҷ дарси устодони мусиқии муосир таҳти унвони «Инъикоси мероси бои мусиқии милли дар мусиқии ҷозӣ» ташкил карда мешаванд. Ҳамчунин мизи гирде таҳти номи «Ҷози миллӣ дар Осиёи Марказӣ ва мушкилоти рушди он дар Тоҷикистон» баргузор хоҳад гардид.

Ба сифати «вазифаи хонагӣ» ба гурӯҳҳои ширкаткунандаи хориҷӣ дар фестивал  баргузоркунандагони ҷашнвора нотаи суруди машҳури оҳангсози маъруфи кишвар шодравон Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ «Ситораи ман»-ро, ки матнаш аз устоди шодравон Мирзо Турсунзода аст, қаблан фиристодаанд, то онро омода карда дар фестивали мазкур аз саҳна бисароянд.

«Рӯзгор»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 23.06.2012 11:40
Нотаи суруди "Ситораи ман"-ро аз кучо ёбам. Ба ман зарур аст.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854