15:44:14 03-уми Июни 2025 сол

КАРЗАЙ АКСҲОИ БАДРАФТОРӢ БО ҶАСАДҲОРО "ЗИШТ" НОМИД

Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай дар заминаи моҷарои аксҳо аз бадрафтории сарбозони амрикоӣ нисбати ҷасади афғонҳои кушташуда хостори интиқоли зудтари масъулиятҳои амниятии НАТО ба дӯши нерӯҳои афғон шуд.

Вай аксҳои нашршударо “зишт” номид ва гуфт, чунин моҷароҳо сабаби вокуниши хашини афғонҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мешавад.Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, амали чанд сарбози амрикоиро, ки ҳангоми бадрафторӣ бо ҷасади ситезҷӯёни эҳтимолии кушташудаи афғон аксбардорӣ шудаанд, “шадидан маҳкум” мекунад.

Вазири дифои Амрико, Леон Панетта дар нишасти хабарӣ дар Бруссел гуфт, ин аксҳо баёнгари ахлоқи сарбозони кишвараш нестанд. Вай ваъда дод, ки омилони бадрафторӣ муҷозот хоҳанд шуд.
«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854