18:48:09 01-уми Июни 2025 сол

ФИРОРИ 384 ЗИНДОНӢ АЗ ЯК БОЗДОШТГОҲ ДАР ПОКИСТОН

Бомдоди якшанбе дар ҷараёни ҳамлаи силоҳбадастон ба боздоштгоҳи марказии шаҳри Банну, дар шимолу ғарби Покистон, ҳудуди 400 нафар фирор карданд. Бинобар гузоришҳо, шибҳи низомиён, ки ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ афроди Толибон ҳастанд, дар ин ҳамла аз норинҷак ва аслиҳаи сангин истифода бурданд.

/images/stories/2012/04/15_pakistan-1512.jpgРасонаҳои покистонӣ аз қавли мақомоти амниятии ин кишвар менависанд, аксари фирориён афроди вобаста ба Толибон будаанд. Дар ҷамъи фирориён Аднон Рашид, ки ба ҷурми даст доштан дар ҳамла ба Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури пешини Покистон дар зиндон ба сар мебурд, низ шомил аст.

Дар ин маҳбас ҳудуди 944 зиндонӣ нигоҳ дошта мешудааст ва ба гуфтаи мақомоти пулиси маҳаллӣ 4 тан аз афсарони пулис низ захмӣ шудаанд. Дар ҳамин ҳол Ҳаракати Толибони Покистон масъулияти ин амалро ба дӯш гирифтааст.

Минтақаи қабиланишини Банну, дар марз бо Афғонистон воқеъ буда, аз чандин сол ба ин сӯи саҳнаи даргириҳо миёни нерӯҳои артиши Покистон ва ситезаҷӯёни ҷонибдорони Толибон мебошад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854