09:47:32 05-уми Июни 2025 сол

КӮМАКИ САФОРАТИ ИМА БА АГЕНТИИ МУБОРИЗА БО ҚОЧОҚИ МАВОДИ НАШЪАОВАР

Сафири ИМА Кен Гросс, аз номи Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА таҷҳизотро бо арзиши зиёда аз 480 000 доллари амрикоӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон супорид.

/images/stories/2012/04/13_army-taj-1312.jpgСардори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон, генерал Рустам Назаров дар ин чорабинӣ ширкат варзид. Таҷҳизоти мазкур васоити нақлиёт, василаи алоқавӣ, компютерҳо, дастгоҳҳои аккосӣ ва лавозимоти ҳифзи тартиботи ҳуқуқиро дар бар мегирад.

Таҷҳизоти мазкур имкониятҳои кормандони Агентии назорати маводи нашъаоварро дар мубориза бар зидди нашъаҷаллобон беҳтар мегардонад.

Сафири ИМА Кен Гросс иброз дошт: «Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон қувваи касбӣ ва бонуфузест, ки омодагии хешро ҷиҳати пеш бурдани фаъолияти ҷиддӣ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, нишон додааст. Бароям боиси ифтихор аст, ки имконият дорам, то ба онҳо кӯмак расонам».

Хайрияи мазкур яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасони Сафорати ИМА мебошад, ки бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854