09:47:34 05-уми Июни 2025 сол

ЯК ГӮШАИ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ НИЗ АМРИКОӢ ШУД

Сафири ИМА Кен Гросс дар маросими кушодашавии «Гӯшаи Амрико» дар Душанбе дар Китобхонаи миллӣ ширкат варзид. Дар маросим инчунин, директор ва кормандони Китобхонаи миллӣ, намояндагони Ҳукумат, роҳбарони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ректорони донишгоҳҳо, муаллимон ва донишҷӯён иштирок карданд.

/images/stories/2012/04/13_kitobkhona-1312.jpgДар вақти маросим, Сафир Гросс азҷумла гуфт: “Бо зиёд шудани шумораи истифодабарандагони гӯша ва муввафақ шудани барномаҳоямон, эҳтиёҷ ба ҷои васеътар пайдо гардид. Мо аз қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷойгир кардани «Гӯшаи Амрикоӣ» дар Китобхонаи Миллӣ бисёр хушҳол шудем.”

Нахустин «Гӯшаи Амрико» дар Душанбе дарҳои худро соли 2005 дар китобхонаи Академияи илмҳо боз кард. Сафорати ИМА гӯшаҳои Амрикоиро дар Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд ва Ғарм низ боз намуда  онҳоро ҳаматарафа дастгирӣ мекунад.

Ҳар як гӯшаи Амрико бо саҳифаи интернетии ройгон барои ҳадафҳои таълимотӣ, маводҳои ройгон барои омӯзиши забони англисӣ, маълумотномаҳо дар бораи барномаҳои Ҳукумати ИМА, машварати маорифӣ таъмин шуда, ба ташкил клубҳои мухталиф мусоидат менамояд. Гӯшаҳои Амрико яке аз роҳҳое мебошад, ки тавассути он мардуми Амрико ҷавонони Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд.

Ҳоло «Гӯшаи Амрико» дар Душанбе дар ошёнаи 4-ми Китобхонаи миллӣ ҷойгир шудааст. Барои ворид шудан ба Китобхонаи миллӣ корти китобхона лозим аст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854