09:23:32 05-уми Июни 2025 сол

ҲАШТ НАФАР БА ҚАТЛИ ДАВЛАТБЕКОВ МУТТАҲАМ ШУДАНД

Маъмурони додситонии Тоҷикистон таҳқиқи муқаддамотии ҳодисаи қатли марде дар либоси Бобои барфӣ дар шаби соли нави масеҳиро ба поён расондаанд.

Ҳамакнун ҳашт нафар аз афроде, ки шаби соли нав ба Парвиз Давлатбеков, сокини маҳаллаи мавсум ба "Профсоюз"-и шаҳри Душанбе ҳамла карданд, ба қатл ва авбошӣ муттаҳам шудаанд. Яке аз афроди муттаҳам ҳанӯз ба синни 18 нарасида ва ноболиғ маҳсуб мешавад.

Ба гуфтаи бозрасон ин афрод дар шаби соли нави масеҳӣ ба андоми Парвиз Давлатбеков, ки либоси Бобо Нуэл ё Бобои Барфӣ бар тан дошт, чанд зарби чоқу ворид кардаанд. Дар асари ҷароҳати сангин пас аз як рӯз дар бемористон Давлатбеков ҷони худро аз даст дод.

Он замон расонаҳо гузориш карда буданд, ки ин ҳодисаи қатл бо ангезаҳои мазҳабӣ сурат гирифта ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки афроди муҳоҷим ҷавонони ифротгаро буда бошанд.

Аммо Вазорати кишвари Тоҷикистон дертар эълом кард, ки ин ҳодиса ангезаҳои мазҳабӣ надорад ва афроджи муҳоҷим ба Давлатбеков авбош будаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854