09:49:58 05-уми Июни 2025 сол

ПИРӮЗИИ АНВАР ЮНУСОВ ДАР ҲАЙАТИ “ДИНАМО”-И МАСКАВ

Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик, дар сабқати бокси ҳирфаӣ - WSB (Cилсилаи ҷаҳонии бокс) дар ҳайати бошгоҳи “Динамо”-и Маскав пирӯзӣ ба даст овард.

/images/stories/2012/04/03_anvar-box_3412.jpgБошгоҳи “Динамо” дар сабқати ҷавобии ниманиҳоӣ бар тими “Остона Арланс”-и Қазоқистон” бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад. Анвар Юнусов, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, дар рақобатҳо дар вазни то 54 килограмм бар Рафиқҷон Султонов дастболо шуд.
Баъди панҷ раунд ҳарсе довар Анвар Юнусовро ғолиб донистанд. Сабқати аввали ин ду бошгоҳ дар Қазоқистон бо пирӯзии “Остона Арланс” бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфта буд. Ба ин тартиб аз рӯи натиҷагирии ду даври бозиҳои ниманиҳоӣ “Динамо” бо ҳисоби умумии 7:3 ғолиб шуд ва ба финал баромад.
“Динамо” дар даври ниҳоӣ рӯзи 2-юми май бо бошгоҳи “Dolce & Gabbana Milano Thunder”-и Итолиё қувваозмоӣ хоҳад кард. Итолиёвиҳо дар даври ниманиҳоӣ бошгоҳи “Baku Fires”-и Озарбойҷонро бо ҳисоби умумии 7:3 (2:3, 5:0) шикаст доданд.
«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854